Имрӯз, 11-уми январ бар асари бархӯрди мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як корманди ширкати IRS, масъули нигоҳубин роҳ ва ҷамъоварии пул дар ин самт, ба ҳалокат расида, корманди дигар ҷароҳат бардоштааст.
Сухангӯи ширкати IRS Далери Абдулло зикр кард, ки ҳодиса субҳи панҷшанбе дар километри 205-ум, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, рух додааст.
Бино ба иттилои манбаъ ҳодиса пас аз он сар задааст, ки як мошини боркаш бо сабаби фуромадани туман дар канори роҳ таваққуф кардааст ва худравҳои дигар ҳангоми убур ба ин мошин бархӯрданд. Сухангӯи IRS мегӯяд, дар маҷмӯъ 8 мошин ба ҳам бархӯрдаанд.
“Дар ин миён корманди мо Зафар Ғоибов, ки машғули пошидани моддаҳои зидди лағжиш буд, ҷон бохта, як нафари дигар осеби ҷиддӣ дидааст”, – афзуд ӯ.
Масъулони ширкати IRS овозаҳо дар мавриди бештар будани шумораи қурбониёни ин садамаро рад карданд. Ба гуфтаи Далери Абдулло, дар вақти рух додани ҳодиса ҳолати роҳ хуб буда, танҳо бинобар фуромадани туман, ин садама иттифоқ афтодааст.
Ёдовар мешавем, ки ин як ҳодисаи аввалини фавти кормандони ширкати IRS дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ нест. Моҳи феврали соли 2017 дар километри 72-юм шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бориши барф ба амал омада, 7 нафар кормандони ширкат зери барф монданд. Дар натиҷаи тармафароии барф 4 нафар наҷот ёфтанд, ҷасади 3 нафар Некрӯз Зуҳуров, соли таваллудаш 1989, Ҷафар Ёралиев соли таваллудаш 1970 ва Фахриддин Ашӯров соли таваллудаш 1973, рӯзи дигар пайдо шуд.