Алишер Ҷалилов, нимҳимоятгари дастаи миллии Тоҷикистон, бо сабаби ҷароҳат бардоштан дар бошгоҳи АГМК-и Узбекистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 иштирок карда наметавонад. Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар иттилоъ медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, 23 май дар бозии сафарии Суперлигаи Узбекистон-2022 бо дастаи «Динамо»-и Самарқанд (2:1) Алишер Ҷалилов осеби ҷисмонӣ дидааст.

Пизишки дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Авезов мегӯяд, барои барқароршавии вазъи саломатии бозигар якуним моҳ лозим меояд.

Ёдовар мешавем, марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 аз 8 то 14-уми июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь