Охири ин ҳафта аз ҷониби коршиносони ЮНИДО дар Душанбе аз рӯи барномаи «Inkscape» 24 нафар ҷавон соҳиби сертификатҳои тарроҳӣ ва дизайн шуданд.

Дар доираи ин лоиҳа, ки 8 гурӯҳи довталабон аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан, Бохтар ва гурӯҳи ҷавонони аз кишвари Афғонистон гуреза гардида, дар ду соли охир ҳунари тарроҳӣ ва дизайнро омӯхта ва такмил дода буданд, аз баҳрабардориҳои худ рӯйнамоӣ карданд.

Сарвиноз Ҷунайдова, ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи ЮНИДО дар Тоҷикистон? зимни сӯҳбаташ гуфт, дар доираи он лоиҳаи сесатҳа таъсис дода шуд, ки раванди таълимро суръат бахшида, ба иштирокчиён имкон дод, дониши худро дар соҳаи дизайни графикӣ, таҳияи консепсияи дизайн, эҷоди намунаҳо нишон дода бошанд.

– Аз 8 гурӯҳи ташкилшуда аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Институти технология ва инноватсия дар шаҳри Кӯлоб, Филиали Институти политехникии шаҳри Хуҷанд ва гурӯҳи муҳоҷирони кишвари Афғонистон (RCVK), 4 гурӯҳ курси тахассусиро дар сатҳи касбӣ бомуваффақият хатм карданд. Имрӯз ин нафарон қодиранд, бо истифода аз абзорҳои тарроҳии рақамӣ коллексияҳои нав, тоза, эҷодӣ ва консептуалӣ таҳия намоянд, – гуфт Ҷунайдова.

Ӯ ҳамзамон иброз дошт, мо дастури тарроҳии маҳсулотро барои тарҳрезӣ ва таҳияи маҳсулоти оянда таҳия кардем. Танҳо ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хуҷанд маросими супурдани мукофотҳо 7 нафар хатмкунандагон барои такмили минбаъдаи худшиносӣ ва тайёр кардани дигар конструкторони потенсиал шаҳодатнома ва дастуруламалҳои худро гирифтанд. Боиси хушнудист, ки аввалинҳо акнун ба татбиқи донишу малакаи дар доираи дарсҳои мо гирифташуда, омодаанд ин курсҳоро дар доираи дарсҳои амалӣ ҷорӣ намоянд.

Намояндаи ин созмон мукофот ва сертификатҳоро ба аввалин хатмкунандагонаш супорид.

«Inkscape» – ин барномаи графикиест, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонии тарроҳӣ эътироф гардида, имконият медиҳад, ки хурдтарин ҷузъҳои маҳсулоти оянда коркард карда шавад. Маҳз аз ин рӯ, коршиносони байналмилалии ЮНИДО дар доираи фаъолияти таълимии худ насли нави тарроҳонро, ки ҳанӯз аз айёми донишҷӯӣ қобилияти кори нав ва муосир дар соҳаи тарроҳиро доранд, тарбия менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь