Новобаста аз оне, ки аксбардорӣ кори ҷавонон аст, қаҳрамони 72-солаи мо аксбардорӣ мекунад. Ӯ 10-сол мешавад, ки дар осоишгоҳи Хоҷаобигарм аксбардор аст ва ба истироҳаткунандагон хизмат мерасонад.
Аксбардорӣ барои чӣ ба ӯ лозим аст? Барои даромад, саломатӣ, ё саргармӣ?…
Сангинмурод Қундузов 72 сол дошта, дар деҳаи Хоҷаобигарми ноҳияи Варзоб зиндагӣ мекунад. Ӯҳар рӯз наздики ду километр роҳро тай карда ба осоишгоҳи Хоҷаобигарм меояд. Қаҳрамони мо пас аз бознишаста шудан 10 сол мешавад, ки аксбардори ин осоишгоҳ аст. Ин касб шуғли дӯстдоштаи давраи ҷавонии ӯ буд.
«Ман пештар ҳамчун дӯстдор аз соли 1967 акс мегирифтам. Солҳои 85-86-и асри гузашта аксбардори осоишгоҳ будам. Пас аз он энергетик, сарэнергетик ва баъди бознишаста шудан аз соли 2014 инҷониб дар осишгоҳ аксбардорӣ мекунам”.
Сангинмурод Қундузов ба пирии худ нигоҳ накарда, аксҳои гирифтаи худро дар шаҳри Душанбе чоп мекунад. Чун дар гирду атрофи онҳо шароити бо сифати баланди чопи аксҳо нест. Ин кор ба мақсади бо сифати баланд иҷро кардани фармоиши истироҳаткунандагони осоишгоҳ аст. Барояш ин кор мушкил набуда, баръакс ба ӯ ҳаловат мебахшад.
“Агар шумо 10 акс гиред ба ҳама хароҷоташ тахминан 30 сомонӣ мешавад”.
“Ман ҳама корро мекунам, устои барқ ҳастам, асбобҳои барқиро таъмир мекунам. Устои хона ҳастам. Дар куҳистон одам барои ғамгин шудан вақт намеёбад. Баҳорон ба куҳҳо мебароем ва растаниву гиёҳҳои шифобахш ҷамъоварӣ мекунем”.
Сангинмурод Қундузов аз соли 1976 ҳангоми сохтмони осоишгоҳ ҳамчун кафшергар кор мекард. Баъди анҷоми сохтмон ӯ устои барқи осоишгоҳ буд. Солҳои 80-уми қарни гузашта каҳрамони мо ба Норак рафта энергетикиро меомӯзад ва баргашта то бознишаста шудан ба ҳайси сарэнергетики осоишгоҳи Хоҷаобигарм кор кардааст.
“Ин кор барои ман тамрин аст, саломатиям нағз мешавад. Ман ҳатто дар телефонам қадамченкунак дорам ва ҳар рӯз тақрибан 6-7 ҳазор қадам мезанам”.
Дастгоҳи аксбардорӣ, ки боиси машғулияти ӯст, даҳ сол аст ба ӯ хизмат мекунад. Фарзандон мехоҳанд падар даврони пирӣ ронад, вале писарони худро бовар мекунонад, ки ин шуғл барои ӯ боиси машғулият ва саргармӣ ҳаст, ки ҳам барои саломатӣ фоида дорад ва ҳам вақти худро дар хизмати халқ сипарӣ мекунад.
“Муҳим даромад нест. Боре эътибор надодаам. Ман аз кори худ ҳаловат мебарам”.
Бештари калонсолон баъди бознишаста шудан гӯшанишиниро ихтиёр мекунанд. Аксбрадорӣ бошад кори ҷавонон аст, вале қаҳрамони мо ба ин нигоҳ накарда, манзараҳои зебои Хоҷаобигармро аксбрадорӣ мекунад ва ҳам ба истироҳаткунандагони осоишгоҳ хизмат мерасонад.