Ба гузориши хабаргузори Форс, шуморе аз фаластинён дар соҳили дарёи Урдун тасвирҳои президенти Америкаро оташ заданд.

Бино бар иттилои расонаҳои фаластинӣ аз каронаи бохтарӣ, ҳанӯз чанд соате аз тасмими Трамп барои интиқоли сафорати Америка ба шаҳри Қудс нагузштааст, ки фаластинён дар вокуниш ба ин тасмим бо ҳузур дар хиёбонҳо ба ин иқдом ба шиддат эътироз карданд.

Нафарони эътирозкунанда, ки бештари ононро ҷавонони фаластинӣ ташкил медиҳанд, дар эътироз ба ин тасмими Трамп, аксҳои ӯро ба оташ зада, ё зери пойи худ андохтаанд.

Ин эътирозҳо баъд аз он сурат мегирад, ки Трамп сооте пеш тайи тамосҳое бо президенти Фаластин Маҳмуд Аббос, подшоҳи Урдун Абдуллоҳи дуюм, президенти Миср Абдулфаттоҳ Алсисӣ,  шоҳи Арабистон Салмон ибни Абдулазиз ва сарвазири Исроил Бенёмин Натонёҳу онҳоро дар ҷараёни ин тасмими худ қарор дод.

Ба думболи пахши ин хабар, кишварҳои арабӣ ва исломӣ ба ин масъала вокуниш нишон доданд ва бархе онро маҳкум карданд.

Маҳмуд Аббос зимни ҳушдор ба паёмадҳои ин иқдом, гуфт, ки ин масъала ба раванди гуфтугӯҳо ва талошҳо дар ростои созиш ва сулҳ байни аъроб ва Исроил латма хоҳад зад. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь