Тибқи маълумот масъулин дар мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” қариб 50  намуди ҳайвон, 122 намуди паранда ва зиёда аз 480 намуди дарахту гиёҳ мавҷуд буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳи ҳифзи ин дороиҳои табии диёр дар ин сардиҳои зимистон  чораҳои мушаххас андешидааст.

Кормандони Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” имрӯзҳо баҳри хифзу нигоҳдори олами набототу ҳайвоноти ин гӯшаи табиати зебои диёр корҳои лозимро анҷом медиҳанд.

Ба гуфтаи масъулон, ҳамасола барои мавсими зимистон дар мамнуъгоҳ омодагии ҳамаҷониба гирифта шуда, ба миқдори зарурӣ коҳу хошок барои ҳайвонот ва ғалладонагиҳо барои парандагон захира карда мешаванд.

Мамнуъгоҳи табии давлатии «Бешаи палангон»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мавзеъҳои хушбоду ҳаво, олами бойи набототу ҳайвонот, парандагони нодир, гулу гиёҳ ва кӯлу дарёҳо мебошад.

Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» яке аз зеботарин мавзеи кишвар ба ҳисоб рафта, аҳамияти муҳими экологӣ дорад.

Олами ҳайвоноту наботот чун як ҷузъи табиати зинда, яке аз манбаъҳои муҳими зебогии он мебошад ва масъалаи муҳофизати табиат аз нуқтаи назари нигоҳ доштани намудҳои гуногуни ҳайвоноту наботот яке аз самтҳои асосии фаъолияти кормандони он ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои мартубаи соҳа дар роҳи ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи устувори гуногунии биологии ин мамнуъгоҳ нақша-чорабиниҳои гуногунро амалӣ мекунанд, то ҳолати табиии мамнуъгоҳ ба меъёрҳои байналмилалии ҳудудҳои ҳифзшаванда ҷавобгӯ бошад.

Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти мамнуъгоҳ кормандон бо сару либози мусоиди корӣ ва техникаҳои лозим таъмин гардидаанд.

Ҳамзамзон тибқи нақша чорабиниҳои омодагӣ ба ин давра маводи гуногуни ғизоӣ барои парандагону ҳайвонот захира карда, имрӯзҳо аз он ба таври васеъ истифода мекунанд.

Айни замон ҳудуди мамнуъгоҳ ба 4 минтақа, 9 дидбонгоҳ ва 65 квартал тақсим гардидааст, ки дар онҳо кормандони масъул шабонарӯз фаъолият мекунанд.

Кӯлҳои мамнуъгоҳ макони зимистонгузаронии парандагони минтақаҳои сард мебошад. Бо фарорасии фасли зимистон инҷо баъзе намуди парандагон аз дигар кишварҳои иқлимашон нисбатан сард омада, то фарорасии фасли гармо боқӣ мемонанд.

Қобили зикр аст, ки бо бафрпӯш гардидани гулу гиёҳ, ҷангалзор ва умуман ҳудуди мамнуъгоҳи табии давлатии “Бешаи палангон”  хеле зебо гардидааст.

Кормандони он минбаъд низ ҳамин гуна иқдомҳои амалиро роҳандозӣ карда, дар мавзеи гаштугузори ҳайвоноту парандагони нодир хошок ва донагиҳо мегузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь