Раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр дар Рӯзи модарон ба аёдати модари табарук рафта, ӯро қадрдонӣ кард.
Раиси шаҳр дар арафаи Рӯзи модарон ба аёдати собиқадори меҳнат, модари 108-сола Райҳонбӣ Нозимова , истиқоматкунандаи деҳаи Ёхсучиёни ҷамоати деҳоти Даҳана, рафта ӯро қадрдонӣ намуд.
Ҳамчунин, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ба дидорбинии дигар модарони собиқадор рафта онҳоро бо тӯҳфаҳо шод кардаву дуои неки онҳоро гирифт.
Блоки рекламавӣ