Дар назар аст, Шабакаҳои барқи ноҳияи 3 км симҳои барқи дохили деҳаи Ревадро, ки  аз замони шӯравӣ мондаанд, бори аввал иваз кунанд.

Тавре сокинони деҳа мегӯянд, хати барқ дар ин деҳа соли 1969 кашида шуда, соли 1970 аввалин бор ба деҳа барқ омадааст.  Ҳамсӯҳбатони мо иброз доштаанд, ки бештар аз 70% симчӯбе, ки дар ҳудуди деҳаанд, корношоям шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Хати барқи деҳа 30 км-ро ташкил дода, ба гуфти роҳбари Шабакаҳои барқи ноҳияи Айнӣ Боймаҳмад Ёров фақат 3 км симҳои мисин ва оҳанин  ба алюминий иваз карда мешаванду халос. Номбурда гуфт, ки ивази симчӯбҳо то ҳол дар назар гирифта нашудааст.

Сокинони деҳаи Ревад, ки зиёда аз 3000 нафар ҳастанд, умед бар он доранд, дар баробари ивази сим, симчӯбҳои дар ҳолати садамавибуда низ иваз карда мешаванд.

Комрони Аслон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь