Соли 2019 дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Айнӣ адқди никоҳи 654 навхонадор ба қайд гирифта шуда, 97 оила аз ҳам ҷудо шудаанд.
Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Айнӣ Турсунзода Ғолибшо Раҷаб дар суҳбат бо вебгоҳи хабарии Farazh.tj, сабаби ҷудошавии оилаҳоро дар таҷрибаи кофии оиладоршавӣ надоштани навхонадорон марбут донист.
– Аз 97 адад ақди никоҳи бекоршудаи соли 2019–ум, 54 оила бо қарори суд ва 43 оила бо розигии тарафайн ҷудо шудаанд. Аз ин миқдор оилаи бекоршуда, 66 фарзанд аз тарбияи як тараф – падар ё модар, маҳрум мондаанд, – афзуд Турсунзода Ғолибшо. – Бо дахолати бахши мо дар соли сипаришуда, шаш оилаи ҷудошаванда бо ҳам оштӣ карда, ба зиндагии якҷоя идома додаанд.
Ба гуфти Турсунзода Ғолибшо дар як соли охир ягон ҳолати тариқи хешутаборӣ бо ҳам оиладор шудани ҷавонон, дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ноҳияи Айнӣ, ба қайд гирифта нашудааст.
Аз тарафи кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, барои баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон ва навхонадорон, миёни аҳолӣ пайваста корҳои омӯзишиву фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад, – таъкид кард Турсунзода Ғолибшо.