Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо иштироки муовини сарвазир Зиёзода Сулаймон, роҳбарияти ноҳия ва кишоварзону хоҷагидорон маъракаи кишти картошка оғоз гардид. Тибқи дурнамо кишоварзон бояд дар майдони 302 гектар картошка кишт кунанд.

Тавре Ҳайдарзода Зикрулло, муовини аввали раиси ноҳия, иттилоъ дод, аллакай дар тамоми ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия дар майдони 10 гектар кишти ин навъи маҳсулот анҷом ёфта, марҳила ба марҳила  нақшаи дурнамо иҷро карда мешавад.

Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун бо таҷрибаи бойи соҳаи кишоварзӣ тамоми бозорҳои кишвар ва берун аз онро бо маҳсулоти тару тозаи соҳаи кишоварзӣ таъмин мекунанд.

Давоми соли равон кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун ба маблағи як миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нишондиҳандаи хуб дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Хоҷагидорон азм доранд, ки минбаъд низ кишти зироатҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро хуб ба роҳ монда, дар таъмини амнияти озукавории кишвар саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь