Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи бештар аз 3 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шудаанд.

Сардори Муассисаи давалтии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Шарифҷон Сайҷонов иттилоъ дод, ки барои таъмири роҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар дар соли 2023-юм беш аз 243 ҳазор сомонӣ, мақомоти маҳаллӣ наздики 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Бо ин маблағҳо садҳо километр роҳҳои ноҳия ва пулҳои мошингузар таъмиру бозсозӣ шудаанд. Ҳамчунин аз ҷониби Вазорати нақлиёт 20 тонна муми моеъ ба муассиса ворид карда шудааст,-илова кард ӯ ва гуфт, ки роҳҳои ҷамоати деҳоти Қумсангир, ки солҳои тӯлонӣ вазъи ногувор доштанд,  аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масофаи 1 км пурра таъмири асосӣ карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби Дирексияи сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  2 км роҳҳои маркази ноҳия пурра мумфарш карда шуда, дар ин самт корҳо боз идома доранд.

Ба гуфти ӯ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар ин сол бо харҷи 1 миллиону 513 ҳазор сомонӣ роҳҳои мошингард таъмири ҷорӣ, таъмири асосӣ, сангфарш карда шуда, 3 пул низ бозсозӣ гардидаанд. Ин роҳҳо бо заҳматҳои  кормандони муаасисаи мазкур ва техникаҳои идора таъмиру таҷдид гардидаанд. Ҳамчунин бо дасгирии мақомоти маҳаллӣ дар роҳҳо  хатҳои уфуқӣ кашида шуда, аломатҳои роҳ насб гардидааст.

Ба гуфти ӯ, айни замон дар ихтиёри МДНРА-и ноҳияи Ҷайҳун 255,8 км роҳҳҳои автомобилгард мавҷуд аст, ки аз онҳо 65,8 км роҳҳои байналмилалӣ, 8,4 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 181,6 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар аксари онҳо таъмиру таҷдид гардида, ҳоло таъмир дар роҳҳо идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки барои ҳаракати мунтазами нақлиёт дар фасли зимистон МДНРА-и ноҳия  мазкур ба қадри кофӣ маводи зидди лағжиш захира карда, техникаҳои роҳдорӣ пурра омодаи кор мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь