Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ даҳҳо километр роҳҳои мошингард аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шудаанд, ки дар таъмири онҳо 2 миллион сомонӣ масраф шудаст.
Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун Шарифҷон Сайҷонов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки моҳҳои сипаригардидаи соли 2021 бо дасгирии Вазорати нақлиёти кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатманди ноҳия роҳҳои мошингард, ки солиёни сол таъмир нашуда буданд, аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуданд.
Ин шахси масъул илова кард, ки таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта солҳои охир ба маротиб зиёд шуда, аз буҷети ноҳия 70 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Маблағи ҷудогардида дар таъмири роҳҳои маҳаллӣ масраф карда шудааст.
Ҳамчунин муассиса ҳамкориро бо соҳибкорон зич ба роҳ монда дар ин давра соҳибкорон бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ роҳҳоро таъмир карданд.
-Дар баробари таъмири роҳҳо, 3 пул бо дарозии 48 метр таъмир шуда, 41 аломати роҳ насб гардид ва дар 18 километр роҳ хатҳои уфуқӣ кашида шуд, – илова кард ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки барои мунтазам ҳаракат кардани воситаҳои нақлиёт дар фасли зимистон айни замон дар анбори муассиса 201 куб маводи зидди лағжиш, 3 метри кубӣ ҳезум, 1 тонна ангишт, зиёда аз ҳазор ҳазор литр сӯзишоврии дизелӣ захира карда шуда, ҳамчунин ҷойи истироҳати кормандон пурра таъмир гардидааст. Техникаҳои роҳдорӣ низ аз таъмир бароварда шуда, дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Шарифҷон Сайҷонов зикр кард, ки дар мувозинаи муассиса 255,8 километр роҳҳои мошингард мавҷуд мебошад ва талош доранд онҳоро марҳила ба марҳила таъмири асосӣ кунанд.