Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар моҳҳои сипаригардидаи соли ҷорӣ  аз  ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ роҳҳои мошингард таъмиру бозсозӣ шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин карда шудааст.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷайҳун Шарифҷон Сайҷонов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта 2 километр роҳҳои маркази ноҳия таъмири асосӣ шуда, бояд боз се километр роҳи дигар пурра мумфарш карда шавад.

– Айни замон  таъмири ду километр роҳҳои дигар аз ҷониби дирексия идома дорад, – гуфт ӯ.

Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар бо харҷи бештар аз 100 ҳазор сомонӣ роҳу пулҳои мошингузар таъмир карда шудаанд. Бояд боз як километр роҳи дигар аз ҷониби Вазорати нақлиёт таъмир карда шавад.

– Аз ҳисоби буҷети мақомоти маҳаллӣ барои таъмири роҳҳои аҳмияти маҳалидошта дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш 70 ҳазор сомонӣ маблағузори карда шудааст, – афзуд номбурда.

Қайд гардид, солҳои охир таваҷуҳи муассиса бо соҳибкрон беҳтар шуда, аз ҷониби онҳо дар ин давра бо харҷи 336 ҳазор сомонӣ роҳу пулҳо аз  таъмири асоси ҷорӣ бароварда шуда, айни замон таъмир дар роҳҳои мошингарди ноҳия бо маром идома дорад.

Шарифҷон Сайҷонов зикр кард, ки дар мувозинаи муассиса 255,8 километр роҳҳои мошингард  мавҷуд мебошад ва  талош доранд онҳоро марҳила ба марҳила таъмири асосӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь