Дар ноҳияи Ҷайҳун аз тири автомати «Калашников», ки ғайриқонунӣ дар хона нигоҳ дошта мешуд, як навраси 16-сола тасодуфан ба ҳалокат расид

26 декабри соли 2022 дар ноҳияи Ҷайҳун ҳодисаи кушта шудани наврасе аз тири силоҳи оташфишон ҳамагонро нигарон кард.

Туйчиев Собир, соли таваллудаш  1974, сокини деҳаи Рӯдакии ноҳияи Ҷайҳун   дар давоми солҳои 1994-1997, ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои муссаллаҳ,  як адад силоҳи оташфишони тамғаи автомати «Калашников»-ро  бо се адад тирдон ва миқдори тирҳояш ғайриқонунӣ тасарруф карда, хуб огаҳ буд, ки ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад, вале онро дар муҳити хонаводаи худ солҳо  нигаҳ доштааст, ки ин кирдори ҷиноятии Туйчиев Собир сабаби рух додани ҷинояти махсусан вазнин гардид.

Пиров Маҳамадфарид, соли таваллудаш 2000 ва ду ноболиғ, ки сокинони суроғаи дар боло зикршуда буда,  бо Туйчиев  Собир робитаи хешутаборӣ доранд, 16-уми декабри соли 2022 ба манзили истиқоматии Туйчиев Собир рафта, тариқи пинҳонӣ силоҳи оташфишони тамғаи «Калашников»-ро бо тирҳояш  гирифта, дар манзили зисти Пиров Мухамадфарид пинҳон карданд.

Дар ин хусус аз Вазорати корҳои дохилаи вилояти Хатлон итилло дода, зикр карданд, ки 26-уми декабри соли 2022, ҳангоми тоза кардани силоҳи оташфишон Пиров Муҳамадфарид аз беэҳтиётӣ ҷониби ноболиғ Ф.Ф тир кушодааст, ки дар натиҷа ноболиғ бо бардоштани ҷароҳати вазнин аз чашми чапаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гумонбарони ҷиноят аз ҷонибаи кормандони милитсияи ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун  дастгир шуда, айни ҳол  дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь