Дар ноҳияи Ҷайҳун вилояти Хатлон ба даҳҳо омӯзгори пешқадам, ки дар озмуни “Муаллими сол” ғолиб омаданд, 60 ҳазор сомонӣ супорида шуд.
Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи мазкур Анзурат Назарзода иттилоъ дод, ки дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбари давлат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорон миёни омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун озмуни “Муаллими сол” доир гардид, ки ғолибони озмун бо маблағи 60 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ӯ гуфт, ин озмун дар остонаи истиқболи 25-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор шуда, бо ифтихорномаву мукофотҳои пулӣ, ки маблағи он 60 000 сомониро ташкил медиҳад, аз тарафи раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода қадрдонӣ гардиданд.
– Ташкили озмунҳои мазкур дар самти беҳтар намудани сифати корӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорон, ҷалби мутахассисони тахассусманд ва дарёфти истеъдодҳои беҳтарин мусоидат мекунад, – илова кард мудири шӯъбаи маорифи ноҳия.