18-уми март дар ноҳияи Ҷайҳун қабули сайёраи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сокинони ноҳия баргузор гашта, мардум дар бораи мушкилоти худ аз ӯ кӯмак хостанд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, дар асоси дастуру супоишҳои Пешвои миллат дар  ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саид қабули сайёр доир гардид.

Дар қабул зиёда аз 15 нафар сокини арзу ниёздошта иштирок намуда мушкилашонро оид ба таъмин намудани оби полезӣ ба сокинони деҳаҳои Орзӯ, Навобод, Қумсангир ва Ҷӯйбор, бунёди гармхонаи лимупарварӣ, кӯмак барои хонадор кардани фарзанд ва ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо,  таъмини оби нушокӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ,  кӯмаки молиявӣ, ҷудо намудани замин барои ташкили хоҷагии деҳонии фермерӣ ва дигар мушкилиҳо пешниҳод карданд.

Раиси вилоят бо фаъолон барои бартараф кардани мушкили сокинон дастуру супоришҳо дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь