Аз ҷамъи умумии кӯдакони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳамагӣ 2,4 дарсадашон ба кӯдакистон мераванд.

Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар ноҳия шумораи кӯдакони 2 то 6-сола 25 ҳазору 957 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 240 кӯдак дар ду кӯдакистон ва 399 кӯдаки дигар дар 23 маркази инкишофи кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин 2,4 дарсадро ташкил медиҳад.

Раис афзуд, ки нақша доранд, то якуми март як кӯдакистони дигар ба истифода диҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь