Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Озодии ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 500 га замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.
Аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ Убайдулозода Фариддун хатти оби полезӣ аз шохоби дарёи Панҷ тариқи кандани канал ба масофаи 3500 метр, ҷамъоварии об дар обанбори 40х40, баъдан бо истифода аз 1 пойгоҳи обкашӣ ва 2 дастгоҳи обкашӣ (тамғаи 14 НДВ Д6) тариқи қубурҳои қутраш 530мм барои обёрӣ намудани зиёда 2000га замин бо маблағи 12,5 млн сомонӣ бароварда шудааст.
Мақсади асосии баистифодадиҳии хатти оби полезӣ ин ба гардиши кишоварзии обӣ даровардани зиёда 2000га замин мебошад. Айни замон хатти оби полезӣ 500га заминҳоро обёрӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Ҷайҳун яке аз ноҳияҳои кишоварзии вилояти Хатлон буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ кишвар саҳми назаррас дорад