Кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҷайҳун дар ҳафт моҳи соли 2023   126-ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар майдони 30,3 га китъаи замин ошкор карданд.

Раиси Кумитаи замини ноҳияи мазкур Шарифзода Сайҷаъфар  ба”Фараж” хабар дод, ки аз ин миқдор 5 адад ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайхун барои бекор кардани қарорҳои ғайриқонунӣ дар майдони 4,28 гектар, 9 дастур дар майдони 12,58 гектар дар бораи бартарафкунии қонунвайронкунӣ дода шудааст, ки 9 адади он ба 9 мавод ба мақомоти прокуратура барои додани баҳои ҳуқуқӣ дода шудааст.

Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки  нисбати 112 ҳолат дар майдони 14,11 га дастур, протокол ва карорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуда, бо моддаҳои 141, 142, 143, 148, 149, 156 ва 162 -и КҲМ Ҷумҳурии Точикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

– Маблағи ҷаримаи басташуда 769 ҳазору 40 сомониро ташкил дода, аз ин миқдор ҷаримаи басташуда маблағи 603 ҳазори 80 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумита ворид карда шудааст. Бо ин қонунваронкунӣ дар майдони 26,57 гектар қитъаҳои замин бартараф карда шуд, ки майдони бартарафшуда 92%-ро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь