Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон айни замон сохтмони 116 синфхонаи иловагӣ бо 3000 ҳазор ҷойи нишаст дар як баст бо маром идома дорад.

Мудириш маорифи ноҳияи мазкур Умед Эшонзода иттидоъ дод, ки ин синфхонаҳо дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф, МИҲД-и вилоят, ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатманд бунёд мешаванд.

Гуфта шуд, ки аз 116 синфхона то 9 сентябри соли ҷорӣ, яъне то ҷашни Истиқлоли давлатии кишвар 73, ададаш ба истифода дода мешавад.

– То ин ҷашн бинои шуъбаи маориф ва се муассисаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, – илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь