Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз заминҳои худ 107 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда, аз он 16 ҳазор тонаашро ба кишвари Қазоқистон содирот карданд.
Тибқи иттилои масъулин Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун мувофиқи дурнамо имсол дар майдони 3 ҳазору 800 гектар замин кишти пиёз гузаронида шудаст. Гуфта шуд, ки то ба имрӯз 107 ҳазор тонна пиёз ҷамъовари гардида, зиёда аз 16 ҳазор тоннаи он ба Ҷумҳурии Қазоқистон содирот гардидааст. Манбаъ итилоъ дод, ки айни замон ҷамоъварии пиёз дар ноҳия идома дошта, ҳосилнокии он хуб аст.
Блоки рекламавӣ