Муаммои терминалҳои ҳудуди пойтахт

Шаҳри Душанбе- пойтахти тоҷикони ҷаҳон мебошад. Баъди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 сол шаҳри Душанбе дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қариб пурра дигаргун шуд. Бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат аввал роҳҳои байнишаҳрӣ аз нав сохта, ҷавобгӯи талаботҳои байналмилалӣ гардонда шуданд, барои дар ҳамаи фаслҳои сол дар алоқа будани шаҳру ноҳияҳо нақбҳо сохта шуданд. Биноҳои ошёнабаланди ба талабот ҷавобгӯ сохта шуда истодааст. Зиндагии халқи тоҷик рӯз аз рӯз хуб шуда истодааст.

Аммо камбудиҳое ҳастанд, ки барои пешрафти хуби зиндагӣ халал мерасонанд.

Дар шаҳри Душанбе барои рафту омади сокинон се терминали автомобилӣ‑Шимолӣ, Шарқӣ, Ҷанубӣ ва як автовокзали замонавӣ вуҷуд дорад. Аммо аз чи бошад, ки аз ин терминалҳо фақат терминали Шимолӣ пурра кор мекунаду халос. Аз ин терминал мусофирон ба вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар мекунанд. Мардуме, ки ба ин самт сафар мекунанд худ бо автобусу маршуткаҳо ба ин терменал омада, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Узбекистон мераванд. Дар дигар самтҳо бошад акси ин ҳол аст. Ба тарафии шаҳру ноҳияҳои Балх бошад аз назди бозори Саховат мардумро бо доду фиғон фарёд карда, ба воситаҳои  алоқаи шаҳри халал мерасонанд.

Ба самти Кӯлоб таксиҳои шахсӣ дар назди “Автосентр” ҷойгир шудаанд. Ба самти ноҳияи Данғара бошад таксиҳои шахсӣ дар назди бозори “Ганҷина” ҷо гирифтаанд. Ба самти  Файзободу Ваҳдат бошад, таксиҳои шахсӣ дар гирду атрофи бинои  хизматӣ- маишӣ  “Садбарг”  ҷойгир шудаанд. Ин хел мисолҳоро бисёр овардан мумкин…

Гуфтан лозим аст, ки ҳамаи ин камбудиҳоро касони мутасаддӣ ва хусусан кормандони БДА хуб медонанд. Аммо онҳо ба ҳамаи ин қонунвайронкуниҳо чашми худро мепӯшанд. Гуё ки онҳо инро намебинанд. Бо вуҷуди он ки онҳо дар ҳамон наздикиҳо рафтуомад мекунанд. Шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд худ пулакӣ аст. Бо вуҷуди он таксиҳои шахсии аз терминал бароянда, ҳаққи терминалро 20 сомонӣ месупоранд ва 20 сомонии дигар барои пур кардани Роҳхат (путёвка) медиҳанд. Ҳама ҳайрон мешаванд, ки ин қоидаву қонунҳо фақат барои сокинони вилояти Суғд бошад?

Мо ба воситаи нақби Чормағзак ва Шар-шар гузаштем ва дидем ки ин нақбҳо чароғон буда ва роҳ бо хатҳои махсуси ба талаботҳо ҷавобгӯ кашида шудааст. Аз ин мо хеле шод шудем. Дере нагузашта мо аз нақбҳои Истиқлол ва Шаҳристон гузаштем ва таъбамон хеле хира шуд. Доҳили ин нақбҳо торик буда, хатҳои ҷудокунии самтҳои ҳаракат кашида нашудаанд. Базе ҷойҳои роҳ вайрон шуда, об ҷорӣ шуда, роҳро вайрон карда исодааст. Ягон каси мутасаддӣ ба ин камбудиҳои нақбҳо нигоҳ намекунад. Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд кормандони БДА мошинаҳоро бесабаб боз медоранд, бо вуҷуди он ки роҳ пулакӣ аст. Кормандони мутасаддӣ барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба халқи худ ягон беҳбудиро намебинанд. “Бояд ҳамаро бо як чашм дид”.

А. Ҳаким,

рӯзноманигор,

собиқадори соҳаи табъу нашр

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь