Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев рӯйхати ҳайати дастаро барои даъват шудан ба бозиҳои саниҷшиву дӯстона бо дастаи мунтахаби Урдун (рӯзҳои 1 ва 5 феврал) эълон кард.
23 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 муҳофизатгар, 7 ниммуҳофизатгар ва 4 ҳуҷумкунанда даъват шудаанд. Легионреҳо дар ҳайат ду нафаранд: муҳофизатгари «Бунёдкор»-и Тошканд Давронҷон Эргашев ва ниммуҳофизатгарии «Навбаҳор»-и Намангон Эҳсони Панҷашнбе. Дигар легионреҳо бо далели ҳамагир шудани коронавирус наметавонанд ба ҳайат пайвандвнд ва дар бозиҳо муқобили Урдун иштирок кунанд.
Даста омодагиро ба бозиҳо бо дастаи мунтахаби футболи Урдун, ки рӯзҳои 1 ва 5 феврал дар Дубай баргузор мешаванд, рӯзи 27 январ дар душанбе шурӯъ мекунад ва рӯзи шанбеи 30 январ ҳайат ба дубай парвоз карда, омодагиро он ҷо идома медиҳад.
Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун:
Даврозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Мӯҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);
Муҳофизатгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);
Ниммуҳофизатгарон: Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);
Ҳуҷумкунандаҳо: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).
Сармураббӣ: Усмон Тошев (Узбекистон).