Корхонаи дӯзандагии “Ахтари Вахш” нақша дорад, барои хонандагони мактабҳои ноҳияи Вахш  15 ҳазор сару либоси ягонаи мактабӣ  бидӯзад.

Роҳбари корхонаи мазкур Муҳаммад Асидов дар сӯҳбат бо «Фараж» гуфт, ки имсол барои хонандагони 64 муассисаи таълимии ноҳияи Вахш 15 ҳазор сарулибоси ягонаи мактабӣ бояд омода кунанд.

– То имрӯз 7 ҳазораш омода карда шуда, 5 ҳазораш дастраси муассисаҳои таълимии ноҳия гардидааст, – илова кард ӯ.

Манбаъ афзуд, ки нархи либосҳои духташудаи “Ахтари Вахш” нисбати бозорҳо арзон буда, сифаташ низ хеле хуб аст, зеро либосҳо аз матои ватанӣ омода мешаванд.

Барои писарон нархи сурулибос аз 150 то 185 сомонӣ ва барои духтарон аз 100 то 155 сомонӣ арзиш дорад, – зикр кард Муҳаммад Асидов.

Гуфта шуд корхонаи мазкур мавсимӣ буда, айни замон 17 нафарро бо ҷойи кор таъмин кардааст, ки 90 дарсадашро занон ташкил медиҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь