То соли 2030 аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин карда хоҳад шуд. Феълан 6 миллиону 340 ҳазор нафар, ё 67,1 дарсади сокинони кишвар аз оби тозаи қобили истеъмол баҳраваранд.

Сардори шуъбаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Тоҷикистон Тоҷиддин Исмоилов зимни нишасти матбуотии имрӯзаи ниҳоди мазкур гуфт, дар доираи барномаҳо таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ сол то сол хубтару бештар мешавад.

– “Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020” нишондиҳандаҳои хуб дошт. Мувофиқи барномаи мазкур то соли 2011-ум 48 дарсади аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуд. Айни ҳол ин нишондиҳанда ба 67,1 фоиз расонида шудааст. Феълан барномаи нав барои солҳои 2022-2030 дар самти бо оби ошомиданӣ таъмин кардани сокинони кишвар, бо вазорату идораҳо, мавриди таҳия ва омӯзиш қарор дорад. Тибқи ин барнома дар муҳлати муайянгардида таъминоти пурраи аҳолии кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ дар назар аст, – гуфт Т. Исмоилов.

Ин масъули ниҳод дар бораи маблағҳое, ки дар ин самт равона мегарданд, чизе гуфта натавонист, аммо қаблан гуфта мешуд, ки барои амалӣ кардани ҳадафи мазкур беш аз 2 миллиард доллар зарур аст.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки дар соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, воқеъ дар шаҳру навоҳии кишвар, дар соли 2021 ба истифодабарандагон ба миқдори 52 миллиону 369 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ дастрас карда, баровардани 21 миллиону 793,6 метри мукааб партовҳои сокинонро таъмин кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь