Инак, дар ин рӯзи истироҳатии навбатии моҳи апрели баҳори нозанини водии тиллоии Вахши азиз мехоҳам чанд сатре дар бораи Абдулаҳмади Ато, маъруф ба Шероғо иншо намоям.
Агар аз як тараф миқдори шеърҳои зери оҳанг хондаи Аҳмад Зоҳир манро ба ин кор моил намуда бошад, пас тарафи дигараш ҷустуҷуйҳои бенатиҷаи дарёфти маълумоте дар бораи ин шоир мутаваҷҷеҳ сохт. Бояд гуфт, ки ҷустуҷӯй дар сомонаҳои интернетӣ ва ҳамчунин пурсуҷӯйҳо байни ҳаводорони ҳунари Алмоси Шарқ ва ашхоси фарҳангӣ оид ба ин шоир натиҷе надод. Ҳамагӣ изҳорӣ нодонӣ мекарданд. Меандешидам, ки ҳеҷ мумкин нест, чунин шоир бо чунин ашъори мисли чашмаҳои мусаффои чӣ Шерозу чӣ Дарвоз нобу гуворо гумном бошад ва алалхусус, ки боз ашъораш бузургтарин овозхони тамоми мардуми Хуросонзамину иронинажодон Аҳмад Зоҳир зиёд мароқ зоҳир кардаву боз тибқи сарчашмаҳои мавҷудаи то имрӯз маълум 15 шеърашро сурудааст. Мутаассифона, сарнавишти ин шоир дар кишвари азизи мо низ мисли ҳамон шоирони бузурге, ки Аҳмад Зоҳири бузург тайи 60 сол боз ҳамарӯза аз ин ашъори зебо месарояд ва наслҳои гуногуни халқи мо бо ин сурудҳо калон шудааст, ҳамон тавр будааст.
Чи тавре, ки дар мақолаҳои қаблӣ, аз ҷумла, “Аҳмад Зоҳир ва Аҳмадшоҳи Азҳар” ва дигар навиштаҳоям қайд намуда будам, дар бораи қисмати бузурги шоирони ҳамзабонамон, мардуми тоҷикзабони ин сӯи Омӯя қариб чизеро намедонист ва мутаассифона, вазъ то имрӯз низ тағироти ҷиддӣ надидааст.
Дар бораи номи шоир Абдулаҳмади Ато ва навиштаҳои ӯ баъди чопи мақола ва интишори китобҳои пеш аз ҳама устоди равоншод Султони Ҳамад, устод Сипос ва дигарон хонандагон ва ҳаводорони садои худовандии Аҳмад Зоҳир каму беш дарак ёфтанд. Дар бораи ин шоир баъди ҷустуҷӯ аз торномаҳои интернетӣ ахборе пайдо нагашт. Танҳо дар китоби устод Султони Ҳамад бо номи “Аҳмад Зоҳир, садои ишқ асту дилтагӣ” зери мақолаи “Сухани Субот исбот дорад” каме маълумот пайдо намудем. Устод дар ин мақолаи худ овардааст, ки оқои Сипос таронаеро бо номи “Ай бути бераҳм, шикор афканам…” моли Саъдии Шерозӣ донистааст, ки матни он дар осори Саъдӣ пайдо карда нашудааст.
Дар ин асос тибқи иттилои гирифтаи устод Султони Ҳамад аз шоир ва оҳангсоз Сафиуллоҳи Субот маълум мешавад, ки ин шеър ба шоир Абдулаҳмади Ато, ки бо тахаллуси Шероғо низ маъруф будаву худ дӯсти Сафиуллоҳи Субот ва Аҳмад Зоҳир будааст, тааллуқ доштааст.
Тамоми сурудаҳои албоми маъруф ба рақами 13 бо пуррагӣ моли ҳамин шоир будаанд.Тибқи маълумоти овардаи Сафиуллоҳи Субот, шоир Аҳбулаҳмади Ато муддате дар Тоҷикистон зиста, баъдан кишвари моро ба азми Покистон тарк гуфтааст. Дар Покистон ин шоири маъруф тахминан солҳои 1993-1994 вафот ва дар шаҳри Исломобод дафн гаштааст. Аз ин рӯ, тамоми наворҳои албоми 13 дар навиштаҳои устод Султони Ҳамад ба номи шоир Аҳбулаҳмади Ато мӯҳр зада шудааст.
Ҷустуҷӯйҳои минбаъдаи устод Султони Ҳамад оиди дастрас намудани осори шоир ҳангоми сафарҳояш ба Афғонистон бенатиҷа мондааст. Ана ҳамин андешаҳои устод ва сарнавишти ғарибонаи шоири тоҷикзабони Афғонистон, ки дур аз Хуросонзамин дар муҳоҷирати иҷборӣ ҷаҳонро падруд гуфтааст ва касе дар борааш маълумоти лозимаеро дода натавонистааст, манро водор намуд, ки ба хотираи ин шоири озурда ва ҳуби ватан карда, бар асари нобасомониҳои кишвараш (эҳтимол меравад, ки рӯзгори сангинаш низ) чизеро иншо намоям. Ин вазифаи мост назди рӯҳи овораи чунин шоирони тоҷикзабон. Чун бо шунидани ашъори маҳз хамин гуна шоирон калону забони модариро хуб азхуд намудаем. Умед мебандам, ки дар оянда таҳқиқгарони рӯзгори Аҳмад Зоҳир, ки аз ашъори шоирони ба истиллоҳ “гумном”, ки Алмоси Ховарзамин онҳоро зери оҳангҳои мувофиқ сароидааст ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, оиди осору рӯзгори ин шоирон маводҳои заруриро чоп ва хотираи онҳоро шод хоҳанд кард. Шояд хонандаи закитабъи ман инҷо суол диҳад, ки чаро ва чи зарурият аст ин ҷо? Оре, маҳз ва маҳз инҷо зарурият аст!
Пеш аз ҳама ҳамчун инсон наслҳои зиёд, зери оҳангу овози малакутии Аҳмад Зоҳир, нобиғаи ҷаҳонии суруду оҳанг аз ашъори пуршӯр ва хушнавозу ахлоқии ин шоирон баҳра бурдаву таълими хело волое андар пос доштани ватан, забону худшиносии миллӣ, панду ахлоқ ғизои маънавӣ гирифтаанд. Хосатан дар солҳои 1960 -1990, ки забони модарии мо ба кӯҳу дараҳо танг карда бурда шуда буд. Дар пойтахти кишвар ёд дорам ҳатто дар ҳузури зиёда аз 99 фисади нишастагони аҳли толор берӯёна рӯи рост мегуфтанд: “разговоривайте на понятном языке”. Меандешам, ки инҷо таҳқири рӯирости миллати мо ва ҶШС Тоҷикистон низ буд, на чизи дигар. Ана ҳамон замон Аҳмад Зоҳир-бузургтарин “академик-забоншинос” ва омӯзгори забони модарии мо, насли он замон ва имрӯз ин забонро бо ашъори ин шоирони бароямон “ношинос” забону ватандориро меомӯзад. Аз ин рӯ, қарзи фарзандӣ ва инсонии мост, ки дар бораи ин шоирони ба истиллоҳ “гумном” донем ва ба онҳо арҷи баландеро гузорем. Зеро шеъри онҳо зери оҳангу овози малакутии Аҳмад Зоҳири хушном инак тайи 60 соли охир ҷузъи таркибии ҳар як хонадони мардуми тоҷик гаштааст.
Дар як мақолаам бо номи “Аҳмад Зоҳир ва худшиносии миллӣ” қайд намуда будам, ки он чизеро ки Ахмад Зоҳир дар тарғиби забони форсӣ анҷом додааст. Академияҳои миллии Ирон, Афғонистон ва Тоҷикистон низ якҷоя анҷом дода наметавонанд. Ин сухан муҳоббот нест ва он сад фоиз дуруст аст. Ана ҳамин мехкӯбкунию кафшергарию ҳамчунин то имрӯз дар доираи ҷаҳонӣ аз тарафи Аҳмад Зоҳир тарғиб намудани забонамон тарики бештар аз 100 шоире, ки овозхони хушном интихоб кардаву сароидааст даст додааст. Мутаассифона, гарчанде, ки шеърҳоро аз хурдӣ азёд медонем ва онҳо моро ба камол расонидаанд, лекин дар бораи шоирони зиёд, муаллифони ин шеърҳои ноб чизеро намедонем.
Тибқи навиштаҳои устоди зиндаёд ва рӯйхати овардааш дар китоби “Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир” дар такя ба суханҳои Сафиуллоҳи Субот оиди тааллуқдории шеърҳои дар албоми рақами 13 ҷой гирифта ва дар ин асос мӯҳр задани онҳо ба номи Абдулаҳмади Адо маълум мешавад, ки Аҳмад Зоҳир аз ашъори ин шоир 15 шеър сурудааст, ки онҳоро дар поён меорем:
1.Биё бурем ба Сангарон…( оҳанги Ф.Найнавоз)
2.Ман найнавозам, най менавозам…( оҳанги Ф.Найнавоз)
3.Ай бути бераҳм, шигор афканам…( оҳанги Ф.Найнавоз )
4.Оҳанги зиндагӣ хонад ба гӯши ман…( оҳанги Ф.Найнавоз)
5.Ёди он сарви равон ояд ҳаме…( оҳанги Ф.Найнавоз)
6.Ишқи ту бар ман заҷрҳо дорад…( оҳанги Ф.Найнавоз)
7.Ай рашки гулҳо, додӣ фиребам…( оҳангиФ.Найнавоз)
8.Суруди шабонгаҳ…( оҳанги Ф.Найнавоз)
9.Маст шудам соқӣ… ( оҳанги Ф.Найнавоз)
10.Ишқу меҳрат кулии зебои ман… ( оҳанги Ф.Найнавоз)
- Кардаам нола басе…(оҳанги Ф.Найнавоз)
12.Ошиқ шудаи ай дил… ( оҳанги Ф.Найнавоз)
13.Аз дарду нотавонӣ… ( оҳанги А.Зоҳир)
- Аз ҷаҳон бе рухи ту…(оҳанги Ф.Найнавоз)
15.Рақс бикун, шӯр бидеҳ… ( оҳанги Ф.Найнавоз)
Чуноне, ки аз рӯйхат пешниҳодгашта маълум мегардад аз 15 шеъри аз шоир хондаи овозхон 14 шеърашро оҳангсози маъруф Фазлаҳмади Найнавоз оҳанг баставу Аҳмад Зоҳир сароидааст.
Ба шеъри “Аз дарду нотавонӣ” худи овозхон оҳанг баставу сароидааст.Қайд бояд намуд, ки тибқи ҳамин рӯйхат оварда ба шеъри “Ошиқ шудаи ай дил” гӯё оҳангсози тоҷикистонӣ устод Фаттоҳ Одина оҳанг бастааст. Аммо ин пешниҳод исботи худро мехоҳад. Воқеъан, агар оҳангсози мо ба ин шеъри маъруф оҳанг баста бошад , пас он мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ қарор хоҳад гирифт.
Бояд гуфт, ки тибқи андешаи устод Муҳаммад Зоҳири Сипос шеърҳои “Биё бурем ба Сангарон” моли шоир Суфӣ Ашқарӣ ва “Ай бути бераҳм шигор афканам” моли Саъдии Шерозист. Ба ҳамин монанд шеъри “Ёди он сарви равон ояд ҳаме” тибқи гуфтаи шоири дӯстам Исфандирёи азиз моли устод Сайид Нафисист. Шеъри “Ошиқ шудаи ай дил” тибқи ишораи оқои Сипос эҷоди Мавлои Балх ё Фазлаҳмади Найнавоз аст. Ин андешаҳо айни замон исботи саҳеҳ надоранд ва чун устоди зиндаёд Султони Ҳамад низмо ҳамаи ин шеърҳоро айни замон ба номи шоир Абдулаҳмади Адо мӯҳр мезанем. Шояд таҳқиқотгарони оянда ин муаммоҳо ва норавшаниҳои ҷойдоштаро бо таҳқиқотҳои муйшикофона ва саҳеҳи худ маълум намоянд. Каминаи камтарин ба ин заррае шубҳае низ надорам. Умед мебандам, ки ин масъала ва муаммои ҳаёту фаъолияти ин шоири “гумном” низ роҳи ҳалли худро хоҳад ёфта, аксаш низ ёфт хоҳад шуд. Чуноне,ки дар урфияти мардуми тоҷик мегӯянд: ҷӯянда ёбанда аст.
Ҳис мекунам, ки хонандаи зиракӣ ман баъди шиносоӣ бо шеърҳои марбут ба шоир Абдулаҳмади Адо, ки аслан солҳои сол дар хонадони ҳар як тоҷик ин шеърҳо зери оҳангу овози Аҳмад Зоҳир сароида мешаванд ба зуди як эҳтироми бузургеро нисбати шоири ин шеърҳоро эҷоднамуда пайдо мекунад ва ба рӯҳи пурфутувати ин шоири дар ғарибӣ ва сахтиҳо ҷондода дуои некеро аз даргоҳи худованди якто талабгор мешавад. Оре наслҳои гуногуни миллати мо тайи анқариб 60 сол боз бо шеърҳои “Биё бурем ба Сангарон”, “Ман найнавозам, най менавозам”, “Оҳанги зиндагӣ хонад ба гӯши ман” , “Кардаам нола басе”, “Ошиқ шудаи ай дил “ …калон гаштааст ва ин шеъру оҳангҳои ба онҳо оҳанг бастаи Фазлаҳмади Найнавоз ва хондаи Алмоси Шарқ як ҷузъи таркибии хонадони мо гаштаанд аз ин рӯ аз шоиру оҳангсозу овозхон мо ҳама вақт минатпазирем. Шеъру оҳангу овози хондаи онҳо дар ҳолатҳои рӯҳии гуногунии инсонии қарор доштаи мо чи шодию нишот, чи дарду ғаму андӯҳ ва ҳиҷрону дигар омилҳо ҳамнафасу кувватбаши рӯҳи мо будаву ба мо дармону тавон бахшидааст.
Ба гӯши ман то ҳанӯз аз замони матаббачагӣ шеъри зери оҳанги рӯҳнавоз хондаи устод Аҳмад Зоҳир меояд:
Ман найнавозам, най менавозам,
Шабҳои ҳиҷрон най менавозам.
Умед мебандем, ки оянда сарнавишти норавшани шоири мумтоз Абдулаҳмади Адо маъруф ба Шероғо кушода мешавад.
Танҳо иброз медорам, ки шоир дӯсти Аҳмад Зоҳири бузург буда ва овозхон низ ба шоир меҳру муҳаббати беандоза дошта, ҳамкориҳои судманди дутарафа боиси ба оҳанаг даровардану аз тарафи ҳунарманд хондани онҳо гаштааст.
Меандешам, ки оҳангсози маъруф Фазлаҳмади Найнавоз низ бо шоири “номгум” қаробати хеле наздик ва риштаи мустаҳками дӯстӣ доштааст ва оҳанг бастани 14 шеъри шоир ин андешаи бандаро тақвият мебахшад. Ба пиндорам рӯҳи шоири ғарибгӯргаштаи даризабони мо аз дӯстонаш Аҳмад Зоҳир ва Фазлаҳмади Найнавоз сахт розист ва шоир метавонад дар хонаи охирати худ ором бихобад. Чун зери овози худовандӣ ва охангҳои биҳиштӣ шеърҳои шоири номурод хонда мешаванд ва миллионҳо шунавандагони шеъру мусиқӣ бо ихлоси тамом ва меҳру муҳаббати беандоза ба шоиру оҳангсозу овозхон чаҳони сипосро тақдим менамоянд.
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд!
Варқаи Зайниддин, узви ИЖ ҶТ