«Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ» китоби нави нависанда, рӯзноманигор ва донишноманависи марҳум Султони Ҳамад перомуни ҳаёт ва фаъолияти пурсамари алмоси мусиқии Шарқ Аҳмад Зоҳир бахшида ба рӯзи зодрӯзи муаллиф аз чоп баромад.
Матолиби китоби мазкур аз рӯи мазмуну мӯҳтаво гуногун буда, дар чанд жанр иншо шудааст, ки ҳар яке маълумоти тоза аз рӯзгору осори Аҳмад Зоҳирро дарбар мегирад. Ҳамчунин, фарогири матолибе низ мебошад, ки бори нахуст ба зевари табъ мерасанд.
Намунае аз он матлабҳо, ки бори нахуст ба табъ расида, мақолаи овозхони шинохтаи тоҷик Манижа Давлатова аст. Ва ё бар ин монанд бори аввал дар Тоҷикистон шакли комили чаҳор мусоҳибае, ки журналистони афғон бо шодравон Аҳмад Зоҳир дар вақти дар қайди ҳаёт буданаш доир карданд, бо ишора ба нашрия, муаллифи мусоҳиба ва таърихи нашр ба табъ мерасанд.
Маводҳои китоб ба 5 боб ҷудо шудаанд. Боби якум «Хабару мақолаҳо дар бораи Аҳмад Зоҳир» ном гирифта, ки ҳамагӣ дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир маълумоти тоза медиҳад ва дар бораи афроде низ сухан меравад, ки рӯзгор ва осори онҳо низ ба Аҳмад Зоҳир робитаи зич дорад. Аз он мисол мақолаҳо дар бораи Зулфиқори Азиз – овозхони маъруф ё шоири фақид – Ҷамшеди Раҳимзод, ки ашъораш моломол аз васфи Аҳмад Зоҳир аст.
Боби дуюми китоб «Мусоҳибаҳои Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир» ном дорад. Султони Ҳамад бо шахсиятҳое мусоҳиб шудааст, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешинохтанд ва бо ӯ робитаи зичи эҷодӣ доштанд. Аз ҷумла, бо Забеҳуллоҳи Амонёр, дӯст ва шогирди Аҳмад Зоҳир, бо Халили Роғиб, шореҳи мусиқии ТВ «Ориёнои Афғонистон», Абдуллоҳи Эътимодӣ, мусиқишинос ва оҳангсоз, Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷӯрабек Назрӣ, Ҳунарпеша ва донишманди мумтоз, дӯсти Аҳмад Зоҳир шоира Меҳриниссо ва дигарон дохил мешаванд.
Боби сеюми китоб «Мусоҳибаҳо бо Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир» номгузорӣ шудааст. Дар ин боб мусоҳибаҳое ба нашр расиданд, ки рӯзноманигорони тоҷик – Хуршеди Атовулло, Валиҷон Баёнӣ, Зулолаи Нур дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир сӯҳбат оростаанд.
Боби чоруми китоб «Таҳияи осори дигарон» аст ва маводҳое ба нашр расидаанд, ки муаллифонашон асосан журналистон ва нависандагони Афғонистонанд. Онҳоро аз рӯзномаҳо, солномаҳо ва китобҳои бо ҳуруфи форсӣ дар Афғонистон чопшуда, инчунин аз наворҳои радио ва телевизиони он кишвар таҳия намуда, пешкаши хонандагон гардиданд.
Боби панҷум «Тақриз ва китобиёт» ном дорад, ки фарогири тақризҳои ба китобу мақолоти дар мавзуи Аҳмад Зоҳир навиштаи Султони Ҳамад иншонамудаи профессор, доктори илмҳои филологӣ Олим Хуҷамуродов, Шоири халқии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Назри Яздонӣ, мунақидони адабиётшинос номзадҳои илми филология Раҷабалӣ Худоёрзода, Ҷамолиддин Саидзода ва ғайра, инчунин тақризҳои Султони Ҳамад оиди китобҳои дигар муаллифон, ки дар бораи Аҳмад Зоҳир, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз кишвар таълиф гардидаанд, ҷой дода шуданд.
Ба гуфтаи Субҳиддини Султон, дар таърихи 6 июн ба рӯзи марги Султони Ҳамад ва наздик ба рӯзи таваллуд ва марги Аҳмад Зоҳир рӯнамоии китоб ба таври васеъ доир мегардад.
Султони Ҳамад аз ин пеш низ китобҳое чун «Аҳмад Зоҳир – султони қалбҳо» (2005), соли 2007 «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ» ва соли 2012 «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб»-ро таълиф намуда буд. «Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ» нахусткитобест, ки баъди вафоти муаллиф ба нашр мерасад. Бинобар иттилои мураттибон дар ин китоб силсиламақолаҳои Султони Ҳамад таҳти унвони «Аҳмад Зоҳир ва сад шоир», ки дар беш аз панҷоҳ шумораи ҳафтаномаи «Рӯзгор», солҳои 2013 – 2014 ба табъ расида буд, бо ду сабаб канор монд: нахуст ҳаҷми китоб намегузошт; сониян баъди таҳриру такмили силсиламақолаҳо маълум гардид, ки он ба як китоби ҷадиде мубаддал шудааст, ки солҳои оянда ба нашр хоҳад расид.
Меҳрофарин Наҷибӣ
Ташаккур аҳли қалами рӯзномаи Фараж.