Роҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар музофоти Панҷшери Афғонистон Аҳмад Масъуд изҳор кардааст, зимни иҷрои як шарт аз ҷониби толибҳо муқовиматро бас карда, аз сиёсат канор меравад.

«Агар толибон ният дошта бошанд, ки ҳукуматро бо ҳама тақсим кунанд ва адолатро барқарор намоянд, баробарҳуқуқӣ ва озодиро ба ҳама дар Афғонистон манзур намоянд, он вақт ман қафо гашта, аз сиёсат канор меравам», – шарт гузаоштааст Аҳмад Масъуд.

Ба гуфти роҳбари Ҷабҳаи муқовимат, дигар роҳҳои ба мувофиқа овардани муноқиша миёни неруҳои собиқи давлатӣ ва «Толибон»  қобили қабул нестанд.

Масъуд зикр кардааст, ки аз хориҷа ягон дастгирии молиявӣ надорад, вале бисёр кишварҳои минтақа ҷонибдори размандагонанд.

“Толибон” дараи Панҷшерро ба муҳосира гирифт ва кӯшиши ворид шудан ба онро мекунад, аммо то ба ҳол ноком аст. Ин ҳаракат ба ширкатҳои амалкунандаи иртиботии телевизионии Афғонистон фишор овардааст, то корро дар ҳудуди Панҷшер қатъ кунанд. Ҳамин тариқ, минтақа бе интернет ва алоқаи мобилӣ мондааст.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь