Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар аз ошкор кардани 1329 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро, ки дар шаш моҳи соли равон содир гардидаанд, хабар дод. Дар ҷиноятҳои мазкур 724 кас даст дошта, аз ҳисоби умумӣ 516 ҷиноят ба гуруҳи ҷиноятҳои вазнин шомил будаанд.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода имрӯз, 15- уми август, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз шумораи умумии ҷиноятҳо 210 ададаш азонихудкунию исрофкорӣ, 107- тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани кредит, 48-гирифтану додани пора, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ, 57-сӯистифода ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 9-қочоқ ва ҷиноят дар соҳаи андоз ва фаъолияти ғайриқонунии соҳикорӣ 62 адад мебошанд.

– Ҳамчунин, содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ба мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ 123, соҳаи маориф ва илм 116, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 70, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 18, кишоварзӣ 17, корхонаҳои идораи замин ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул 107, шабакаҳои тақсимоту фурӯши барқ 26, бонкҳои давлатию тиҷоратӣ 142 ва дигар идораву корхонаҳои давлатӣ 246 адад ҷиноят рост меояд, – гуфт Султонзода.

Аммо Султонзода ба суол дар мавриди он, ки “Оё худи кормандони Агентӣ ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задаанд, ё не” гуфт, дар шаш моҳи соли равон ягон ҳолати ба ҷинояти коррупсионӣ даст задани кормандони Агентӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь