Беш аз 12 ҳазор гектар заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки дар он хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода шуда буданд, пурра ба ҳолати аввала баргардонида шуданд. Ба қавли масъулини Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Тоҷикистон, таъсиси хоҷагии деҳқонӣ бе қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мумкин нест ва сокинон ҳуқуқи ташкили чунин хоҷагиҳоро надоштанд.

Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати кишвар Абдуҷаббор Юсуфзода дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, танҳо дар соли 2022 беш аз 12 ҳазор гектар, ки бо роҳи ғайриқонунӣ дар он хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карда шуда буд, бо дастгирии Прокуратураи генералӣ ва Суди олии иқтисодии кишвар, ба фонди хоҷагии ҷангал баргардонда шуданд.

– Аммо Агентии хоҷагии ҷангал ҳамкориҳои судмандро бо аҳолӣ ба роҳ монда, тариқи шартнома, дар доираи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, қариб 70 дарсади заминҳои фонди давлатии ҷангалро ба мардум вобаста кардааст. Ин ба он хотир аст, ки ҳудудҳои заминҳои хоҷагии ҷангал бениҳоят калон мебошанд. Ҳатто баъзе шаҳру ноҳияҳо то 108 ҳазор гектар замин доранд, ки дар ин масоҳати калон баъзан то 15 нафар корманди доимӣ фаъолият мекунанд ва имконияти нигоҳубини пурраи заминҳои хоҷагии ҷангалро надоранд. Ба ҳамин хотир, мо заминҳоро ба мардум ба иҷора додем, ки ҳам худашон истифода баранду ҳам як миқдори муайян аз ҳосили ҷамъоваришуда ба муассисаҳо супоранд, – гуфт деректори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати кишвар Юсуфзода А.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, масоҳати умумии заминҳои фонди давлатии ҷангал беш аз 1 миллиону 300 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, аммо заминҳои ҷангалпӯш дар кишвар бошад, беш аз 422 ҳазор гектаранд.

Муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода гуфт, ки кормандони расмии умури давлатии ҳифзи ҷангал, зиёда аз 600 нафар мебошанд. “Аз ҳисоби аҳолӣ дар мавсими кор, бунёду барқароркунии ҷангал ва ҷамъоварии маҳсулоти худуди ҷангал аз ҳафт то даҳ ҳазор сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб карда мешаванд”, – гуфт ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь