27-уми июли соли 2023 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич қайд кард, ки дар фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ аз давраи ташкил шудан (соли 2001) то имрӯз ба ҷуз як ҷиноят ягон ҳолати коррупсионӣ ва ба ҷавобгарии давлатӣ кашида шудани кормандони давлатӣ дида нашудааст. Соли 2022 нисбати як нафар корманд бо ҳолатҳои ба вазифаи хизматӣ дахлнадошта парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, ки Агентии хизмати давлатӣ ӯро аз вазифа озод кард.

Давлатов Ҷумъа ҳамчунин қайд кард, ки “дар байни ҷиноятҳо танҳо 3-4 дарсадро ҷиноятҳое ташкил медиҳанд, ки аз тарафи кормандони давлатӣ содир карда шудаанд. Вақте Агентии зиддикорупсионӣ дар бораи ҷиноятҳои соҳаи маориф гап мезанад, ин маънои онро надорад, ки тамоми соҳаи маорифро кормандони давлатӣ ташкил медиҳанд. Мо дар соҳаи маориф шумораи ками корманд дорем, вале дар ин соҳа қариб ним миллион нафар кор мекунанд.” – таъкид намуд ӯ.

Имрӯз дар Агентии хизмати давлатӣ аз 52 воҳиди корӣ 4 воҳидро ҷойҳои холии корӣ ташкил медиҳанд. Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 шумораи аз вазифаозодшудагон 1870 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 812 нафар пурра аз ин ниод озод карда шудаанд. Аз 1870 нафар 1112 нафар бо хоҳиши худ, 89 нафар бо сабаби ба синни бознишастагӣ расидан, 7 нафар бинобар вафот, 31 нафар бо амру фармонҳои Президенти ҶТ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 459 нафар тариқи гузориш дар доираи категорияи 1, 89 нафар бинобар таҷдиди сохтор ва аз нав ташкилёбии мақомот, 17 нафар бинобар ба охир расидани маблағи шартномаи меҳнатӣ ё ваколат, 26 нафар тариқи ҷойивазкунӣ, 25 нафар бинобар таҳсил дар магистратура, 9 нафар дар асоси талаботи моддаи 42-и Кодекси меҳнати ҶТ, яъне бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо, (тариқи ҷазо), 3 нафар аз мансабҳои интихобӣ, 2 нафар бинобар ба охир расидани ваколат, 1 нафар бинобар дар рухсатӣ нигоҳубини кӯдак аз кор озод карда шуданд.

Ҳамчунин, дар нимсола 3274 нафар ба вазифа таъин гардиданд, ки 417 нафар маротибаи аввал таъин карда шуданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷумъа таносуби 417( шумораи бори аввал ба вазифа таъиншудагон) ва 812 ( тамоман аз кор озодшудагон)-ро ташвишовар арзёбӣ кард ва инро сабаби холӣ мондани ҷойҳои корӣ медонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь