Ба озмуни Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Мавзӯи ба вазорат табдил додани Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар Тоҷикистон, то ба ҳол боре мавриди баҳсу баррасӣ қарор нагирифтааст. Аз ин рӯ, тасмими Ҳизби аграрии Тоҷикистон, барои мавриди баҳс қарор додани мавзӯи мазкур,  қобили дастгирӣ мебошад.

Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст ва ба масъалаи обу обёрӣ аҳамияти аввалиндараҷа додан,  кайҳо бояд мавриди назар гирифта мешуд.

Дар фармон дар бораи таъсиси он аз санаи  19 ноябри соли 2013, № 12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» он навишта шудааст:

“Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, оид ба амалӣ намудани пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва заминҳои обёришаванда, истифода ва нигаҳдошти объектҳои хоҷагии об, таъминот, истифода ва ҳифзи об фаъолиятро анҷом медиҳад.

Агентӣ инчунин корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, назорати ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи об дар заминҳои кишоварзӣ, танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва идоракунии захираҳои об дар системаҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар асоси идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар сатҳи ҳавзаҳо ва зерҳавзаҳои дарёҳои хурду калон амалӣ менамояд”.

Вале, ҳафт соли гузашта аз таъсиси ин Агентӣ нишон дод, ки то ба имрӯз бинобар ваколатҳои зиёд доштан ҳам, ин Агентӣ ба таври бояду шояд вазифаҳои дар пешаш истодаро амалӣ карда натавонистааст.

Дар вазорати кишоварзии Тоҷикистон бошад, кадом рӯзро ба кадом маҳсулот додану он рӯз аз аз минтақаҳои дигар овардани маҳсулот, ҳатто аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя, дар мадди аввал меистад. Ҳамин тавр, ба “баракат” – и вазорати кишоварзӣ асалу кадую тарбузаю харбуза соҳиби рӯзи хеш гаштанд. Танҳо баъди “даъво” – ҳои танҳо барои ханда пешовардаи рӯзноманигорон, “нони дуюм”, – картошка ҳам соли гузашта рӯзи хешро соҳиб шуд. Ёдам ҳаст, ин савол ҳатто ба худи вазири кишоварзӣ пешниҳод шудаву вазири вақт ҳанӯз ҳамон вақт ваъда дода буд, ки ин масъаларо омӯхта мебарояд. Ҳол он ки бо назардошти ба системаи обёрӣ вобаста будани буду набуди вазорати кишоварзӣ ин вазорат кайҳо ба Агентӣ бадал мешуду Агентӣ ба вазорат. Чунки дар баъзе аз ноҳияҳои кишвар масъалаи обу обёрӣ дар ҷойи аввал меистад. Маҳз фарсуда шудан, кам будани системаи фаъоли обёрӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, боиси корношоям шудани заминҳои ҳосилхез, бекор мондани қисми муайяни аҳолӣ, талаву тороҷ шудани системаи обёрии амалкунанда ба он оварда расонидааст, ки дар баъзе аз манотиқи ҷумҳурӣ мушкили рақами аввали ноҳияро маҳз дар хароб будани ин система мебинанд. Барои мисол, боре раиси ҳозираи ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо изҳор карда буд, ки ноҳияи онҳо ду мушкил дорад: яке фарсуда будани системаи обёрӣ дар ин ноҳия, ки аз кор баромадани ин система метавонад боиси қашшоқӣ ва дастнигари кишоварзони ноҳия гардад ва дигаре мушкили роҳ. Шояд ба ин далел бошад, ки дар ноҳияи Ашт “рӯзи мелиораторон” ҳамасола таҷлил мешаваду беҳтаринҳо қадрдонӣ мегарданд. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, аз лойқа тоза кардани пойгоҳи обкашии ноҳия аз кори ҳамасолаи роҳбарони ноҳияҳои Ашту Конибодом мебошад.

“Айни замон дар ин ноҳия 22 Ассосиатсияҳои истифодабарандагони об фаъолият доранд. Силсилаи пойгоҳҳои обкашии Ашти Калон аз 8 адад пойгоҳҳои обии баландшиддат иборат мебошад, ки азбаски солҳои зиёд дар хизмати мардум қарор дорад, ба таваҷҷуҳ ва барқарорсозии пайваста ниёз дорад” – мегӯяд раиси ноҳия Зариф Мирдадо.

Ноҳияи Конибодом ҳам аз нарасидани обу таъмирталаб будани нассосҳои обкашӣ пайваста азоб мекашад. Ба наздикӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба пойгоҳи обкашии Санҷидзор (собиқ Ҷигдалик)  2 адад насоси обкашӣ харидорӣ карда шуд.

Бо насб шудани ин насосҳои нав зиёда аз 400 га заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигии аҳолии ҳудуди деҳаи Санҷидзор, ки чандин соли охир аз об танқисӣ доштанд, обёрӣ хоҳанд гардид.

Дар худи шаҳри Конибодом пойгоҳи обкашии “Навруз”, ки дар қисми поёнии шаҳр, дар мавзеи Тӯқай солиёни зиёд аз фаъолият бозмонда, атрофи он харобазореро мемонду бинобар беобӣ ниҳолҳои ин мавзеъ хушк, заминҳояш хароб гашта, аз истифода бозмонда буд, аз таъмир бароварда шуд.

Пас аз таъмиру таҷдиди 8 дастгоҳи обкашии Пойгоҳи обкашӣ, ки баъди 50 сол рӯи кор омадааст, 1500 гектар заминҳои атрофи ин мавзеъ обёрӣ гардид.

Таъмирталаб будани системаи обёрӣ дар бисёре аз минтақаҳои вилояти Суғд боис ба талаву тороҷ гаштани ситемаи обёрӣ, сухтаву нобуд шудани ҳосил, аз байн рафтани бисёре аз хоҷагиҳои деҳқонӣ гардидааст. Дар баъзе аз минтақаҳои наздисарҳадӣ бошад, аз ҷумла дар Панҷакенту Исфара, набудани системаи ба талабот ҷавобгӯи обёрӣ ба он оварда расонидааст, ки мардум ниҳону ошкоро аз “ тиҷорати об” мегӯянд. Яъне дар ҳоле кишоварзони тоҷик аз об танқисӣ мекашанд, ҳосили заҳматашон сӯхта нобуд мегардад, касе ченаки аслии оби ба ҷумҳуриҳои дигар мерафтаро намедонад. Пайваста дар мавриди он, ки бисёре аз нооромиҳои сарҳадиро, масалан дар ноҳияи Исфара барои дастрасӣ ба об медонанд, вақти он расидааст, ки ин Агентӣ ба вазорат бадал гардидаву нуфузи бештар дода шавад. Зеро на танҳо бо кор таъмин кардани аҳолӣ, кам кардани раванди муҳоҷират ба фаъолияти босамари ин агентӣ вобаста аст, балки сатҳи зиндагонии мардум, паст кардани нарх дар бозорҳо, маҳз ба он вобастагӣ дорад.

Хушбахтона ин масъала имрӯз на танҳо дар сархати барномаҳои Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ҷой гирифтааст, балки яке аз мавзӯҳои асосии соҳаи кишоварзӣ эътироф шудааст.

Танҳо тақсими дурусти об, ба роҳ мондани системаи обёрӣ дар кишвар метавонад бисёре аз минтақаҳои беобро дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар  Сайҳун, Дашти Мирзочӯл ба шаҳракҳои навбунёди ҳозиразамон табдил диҳад. Воқеан аҷиб менамояд, ки чаро Вазорати кишоварзӣ, ки фаъолияти муваффақонаи он ба Агентии обёрӣ вобаста аст, чун вазорат эътироф шудааст аммо соҳаи обёрӣ, ки натиҷаи заҳмати кишоварз ба таъмини ҳамешагии об рабт мегирад, чун агентӣ шинохта шудааст? Бовар дорем, ки намояндагони Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, ки дар Парлумони ҳамчун ҳазби дуюми бонуфуз эътироф шудааст ин масъаларо дар парлумон мебардоранд ва барои ҳалли мусбати он талош меварзанд.

Сабринаи Ғафурдухт,

журналисти мустақил

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь