Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз сар задани чанд дуздӣ ва ошкор шудани ғоратгарон дар ҷумҳурӣ хабар дод, ки дар байни ин ҷинояткорон ноболиғон низ ҳастанд.

Ба мақомоти милитсия бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 30-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 23:10, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг”, ки арзишаш 2500-сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст. Кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Хуросонро, ки пеш бо моддаи 158 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, бо гумон дуздӣ дастгир намуданд.

Ба ШВКД дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин марди 44-солаи сокини деҳаи Себдараи ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 23-юми сентябри соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1-адад планшети тамғаи “Самсунг”, 1 ҳазору 700-сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 2 ҳазору 720-сомониро ғорат кардааст. Кормандони милитсия марди 35-солаи сокини деҳаи Себдара, ки пеш бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Бо ҳамин мазмун ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 21-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2017 ҳангоми дар кӯчаи Деҳотии ш.Душанбе қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз киссааш 1-адад телефони мобилии тамғаи “”Айфон-6”, ки арзишаш 4000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини кӯчаи Чортути шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздии телефони мазкур дастгир карда шуд.

Марди 45-солаи сокини ноҳияи Хуросон ба милиса арз кардааст, ки 28-уми сентябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои ширкати “Асадулло”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи мазкур 3-сар чорвои калони шохдор, ки арзишашон 12 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд. Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва 3 нафар писарбачаҳои ноболиғи 16-17-солаи сокинони ш.Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара бо гумони дуздии чорвои мазкур дастгир карда шуданд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь