Дар асоси маълумоти оморӣ, аз ҳудуди вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 7576,0 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ,  ки аз он  5749 тонна таввасути нақлиёт, ҳавопаймо, 1914 тонна тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ содирот карда шудааст.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки маҳсулот  асосан ба Федератсияи Русия, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белорус содирот карда шудааст.

Ба хориҷи кишвар асосан 2143,5 тонна сабзавот, аз ҷумла 1956,3 тонна пиёз, 718,5 тонна полезиҳо, 2900,8 тонна мевагиҳо, лимӯ, 1555 тонна ангур  ва 113 тонна дигар маҳсулот содирот шудааст.

Ғайр аз ин, тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 64935 тонна маҳсулоти кишоварзии Хатлон содирот карда шуда, дар маҷмуъ 72511 тоннаро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь