Дар се моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 165 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо ба фарзандхондӣ гирифта шудаанд, ки ин дар қиёс ба се моҳи соли 2022-юм 18 нафар бештар аст.
Бунафша Раҳмизода, сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон, ба “Фараж” хабар дод, ки фарзандхондӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ҷомӣ, Ёвон, Қубодиён, Балхӣ , Кушониён, Фархор, Данғара ва шаҳри Бохтар ба қайд гирифта шудааст.
– Оилаҳое, ки кӯдаконро ба фарзандхондӣ гирифтаанд, солҳои зиёд бо ҳам зиндагии муштарак доранд, аммо фарзандор намешаванд, барои барҳам нахӯрдани оилаи худ аз хонаи ятимон ва хешу табори худ кӯдаконро ба фарзндӣ қабул мекунанд, – илова кард мавсуф ва гуфт, ки ин омил боиси кам шудани ҷудошавии оилаҳо дар вилоят гаштааст.