Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳҳои сипариградидаи соли ҷорӣ 340 кас ба бемории саратон гирифтор шудаанд, ки ин омор нисбат ба соли гузашта 85 нафар зиёд мебошад. Бештари беморони саратонро дар ин вилоят  занон ташкил медиҳанд.

Роҳбари маркази саратоншиносиии вилояти Хатлон Идибек Қараев ба “Фараж”гуфт, ки дар умум дар вилояти Хатлон 3 ҳазору 808 бемори саратон ба қайд гирифта шудааст.  Ба иттилои ӯ, аз ин шумора 1575 нафарашон мард, 2233 нафарашон зан ва 11 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

– Аз ҳама бештар гирифторони бемории саратон дар ноҳияи Кӯшониён 54 нафар, шаҳри Бохтар 26 нафар, ноҳияҳои  Вахш, Қубодиён 24-нафарӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ 18 нафар,  Балхӣ ва  Ҷайҳун 16-нафариро  ташкил медиҳад, – илова кард ӯ ва афзуд, ки омилҳои ба бемории саратон гирифтор шудани сокинон афсурдагии аз ҳад зиёд ва дар байни занон бештар паҳн шудани вируси папиллома аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь