Федератсияи Русия 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ин кишвар ба қонуншиканиҳои кӯчак роҳ додаанду вурудашон ба хоки он мамнуъ буд, афв кардааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС аз қавли намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон Алексей Егоров иттилоъ додааст.

«Зимни имзои як қатор созишномаҳои моҳи сентябри соли 2021 ба истилоҳ афв барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вуруди онҳо ба қаламрави Русия барои қонуншикании кӯчак мамнуъ аст, сурат гирифт, ки 120 ҳазор нафар афв шуданд”, – гуфтааст Егоров.

Егоров қайд кардас, ки ҳоло ба ҳамаи онҳо иҷозаи вуруд ба Русия дода шудааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз вебгоҳи Сарраёсати корҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи мавҷудият ё лағви мамнуъияти вуруд ба Федератсияи Русия маълумот пайдо кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь