Наледӣ Пандор, вазири умури хориҷӣ ва ҳамкории Африқои Ҷанубӣ рӯзи душанбеи 7-уми август дар брифинг дар бораи нишасти дарпешистодаи ин иттиҳодия гуфт, 34 давлат ширкати худро дар нишасти дарпешистодаи BRICS дар Йоханнесбург тасдиқ карданд.

Раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса ба раҳбарони 67 кишвари Африқо ва Ҷаҳони Ҷануб, инчунин 20 намояндаи созмонҳо, аз ҷумла ба дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, даъватнома фиристодааст.

Пандор дар чаҳорчӯби брифинг ҳамчунин гуфт, ки дар ин ҳамоиш масъалаи тавсеаи БРИКС баррасӣ хоҳад шуд ва мушаххас кард, ки 23 давлат барои пайвастан ба ин иттиҳодия дархости расмӣ пешниҳод кардаанд.

«Ба унвони раиси BRICS, Африқои Ҷанубӣ дар нишаст дар бораи модели васеъшавӣ ва принсипҳову меъёрҳои он музокира хоҳад кард. Мо тадриҷан ба сӯи як тавофуқ дар мавриди тавсеаи БРИКС ҳаракат мекунем ва умедворем, ки он дар нишаст ба даст хоҳад омад”, гуфт раиси вазорати умури хориҷаи Африқои Ҷанубӣ

BRICS як иттиҳодияи байнидавлатист, ки моҳи июни соли 2006 дар чаҳорчӯби Форуми иқтисодии Санкт-Петербург бо ширкати вазирони иқтисоди Бразил, Русия, Ҳиндустон ва Чин таъсис ёфтааст. Баъдтар Африқои Ҷанубӣ ба он ҳамрох шуд. Иҷлоси иттиҳод аз 22 то 24-уми август дар Йоханнесбург баргузор мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь