Ин ҷунбиш ҳизбҳоро яке аз омилҳои нооромкунандаи низоми худ медонад ва ба ин далел фаъолияти онҳоро мамнуъ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС бо истинод ба “Ҳашти субҳ”, «Толибон» мегӯяд, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ хилофи қонунҳои шариат буда, дар Афғонистон мамнуъ аст. Ин изҳорот аз ҷониби сарпарасти муваққати вазоратии адлияи ҳукумати Толибон Абдул Ҳаким Исҳоқзай, ки бо номи Абдул Ҳаким Шарӣ низ маъруф аст, садо додааст.

“Фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар Афғонистон ба таври қатъӣ мамнуъ аст, зеро онҳо хилофи қонунҳои шариат буда, манофеи мардумро ҳимоя намекунанд. Ба ҷуз ин, худи мардуми Афғонистон низ ба фаъолияти ин ҳизбҳо ниёз надоранд”, – гуфтааст хабаргузории Бохтар аз қавли ӯ.

Нашрияи “Ҳашти субҳ” бо такя ба коршиносон иддао кардааст, ки Толибон аҳзоби сиёсиро яке аз омилҳои бесуботии низомаш медонад ва ба ҳамин далел фаъолияти онҳоро мамнуъ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь