Ин мулоқот бегоҳи дирӯз, 25-уми август, дар шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвон, баргузор шуд, ки дар ҳоли ҳозир таҳти султаи Толибон аст, хабар дод «Спутник Тоҷикистон».

Як узви ҳайати Ҷабҳаи муқовимат ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ҳайати Ҷабҳа аз 12 ва ҳайати Толибон* аз 7 нафар иборат буд.

“Тавофуқ кардем, ки ду тараф болои мавозеъи якдигар ҳамлаи низомӣ накунанд ва авлавият бар гуфтугуҳои сулҳ дода шавад”, – гуфтааст ӯ.

Бино ба иттилои ин манбаъ, раиси ҳайати тими Ҷабҳа Ҳоҷӣ Алмоси Зоҳид, собиқ мушовири раисҷумҳури Афғонистон, як муовинаш фармондеҳ Пирмуҳаммади Хоксор, аз қавми ӯзбеки Тахор ва муовини дигарашон Муҳаммадрофеъ, аз қавми паштун, собиқ раиси Шӯрои вилоятии Фароҳ, муншӣ Муҳаммадаълами Эзидёр, собиқ сенатори Маҷлиси санои Афғонистон будаанд.

“Муҳимтарин афроди “Толибон” Амирхон Муттақӣ, собиқ муовини вазири фарҳанг, Нуриддин Туробӣ, собиқ вазири адлия, Мавлавӣ Муҳсин, муовини раиси истихбороти Толибон* (ахирӣ аз вилояти Тахор), ба ҳисоб мерафтанд”, – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ин узви ҳайати Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, ҳайати Ҷабҳа мехост бештар дар бораи ҳалли мушкили Афғонистон суҳбат кунад, аммо Толибон* суҳбатро ба сӯи Панҷшер мекашиданд.

“Мо қиссаи Афғонистонро мегуфтем, ки чӣ тур як ҳукумате ҷӯр шавад, то ҳама розӣ бошанд, дунё онро қабул кунад ва ба расмият бишносад, аммо онҳо таъкид ба он мекарданд, ки роҷеъ ба Панҷшер суҳбат шавад, маҳз ин ки Толибон* чӣ кор кунанд, то Ҷабҳаи муқовимат низ ба ҳукуматашон пайвандад. Нуқтаи ихтилоф фақат ҳамин буд. Ҳоло боз машвараву музокира хоҳем кард”, – гуфтааст манбаъ.

Қаблан дар бораи чандин тамосҳои телефонӣ миёни раҳбарони Панҷшер ва Толибон* ба забони расонаҳо афтода буд.

Тавофуқ сари музокироти сулҳ дар суҳбати телефонии Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Амирхон Муттақӣ, яке аз раҳбарони аршади Толибон* як рӯзи қабл ҳосил шуд.

Панҷшер танҳо вилояти Афғонистон аст, ки иморати исломии Толибон*-ро напазируфта, аз низоми ҷумҳурӣ ҳимоят мекунад. Бақия 33 вилояти Афғонистон таҳти султаи ин ҳаракат мебошанд.

* – созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь