Тавре ки хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, 7 октябр, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар шаҳри Кобул бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ вориди музокира шудааст.

Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Аморати исломии Афғонистон Абдулқаҳҳор Балхӣ дар саҳифаи “Twitter”-и худ иттилоъ пахш намудааст.

Бино бар хабари ин манбаъ Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ баъди истиқболи гарми Абдулазиз Комилов вайро итминон додааст, ки вазъият дар Афғонистон дар ояндаи наздик ба эътидол меояд.

Абдулқаҳҳор Балхӣ: “Ҳайати Ӯзбекистон ибрози умедворӣ кард, ки Афғонистон дар ҷомеаи байналмилалӣ ба наздикӣ ҷойгоҳи худро пайдо хоҳад кард. Ҷониби Ӯзбекистон гуфт, ки мисли пештара ба ӯҳдадориҳои гирифтааш дар мавриди тронзити мавод, интиқоли барқ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ содиқ мемонад”.

Ин манбаъ афзудааст, ки ҷониби Афғонистон барои кумакҳои муқаддамотӣ ва бозсозии майдони ҳавоии Мазори Шариф ба ҷониби Ӯзбекистон ибрози минатдорӣ кард.

Дар Афғонистон вазири хориҷаи Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро  намояндаи хоси президенти ҶумҳурииӮзбекистон дар умури Афғонистон Исматулло Иргашев ҳамроҳӣ кардааст.

Тибқи хабарҳои расида дар айни ҳол қарзи Афғонистон барои барқи Ӯзбекистон ҳудуди 9,9 миллион доллари амрикоиро ташкил кунад, аммо Афғонистон ба далели буҳрони иқтисодӣ наметавонад ин қарзи худро саривақт  пардохт кунад.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон хабар дод, ки Абдулазиз Камилов бо ҷонишини раҳбари ҳукумати муваққати Афғонистон дар масоили сиёсӣ Мулло Абдул Кабир ва дигар шахсони расмии ин кишвар дидору мулоқот анҷом додааст.

Ба гуфтаи Абдулазиз Комилов дар сарзамини Афғонистон забон ва фарҳанги ватандорони ӯзбек, ки муддати дароз сукунат ихтиёр кардаанд, дар давраи ҳукумати нави Афғонистон низ ривоҷ хоҳад ёфт.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь