Дирӯз, 15-уми август, Толибон ба пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул ворид шуд ва Аркро, ки қароргоҳи президенти ин кишвар аст, дар ихтиёри худ гирифт.
Чанд соат қабл аз ин Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон, аз кишвар фирор кардааст. Расонаҳо навиштанд, ки Ашраф Ғанӣ аз тариқи Тоҷикистон ба Умон рафтааст. Навори фирори ӯ дар интернет нашр шуд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рузи 16-уми август бо нашри як изҳорот гуфт, ки ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ вориди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон нашуда, дар хоки кишвар фуруд наомадааст. Дар ин изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, ки тарафи ҷониби Тоҷикистон дар ин робита аз ҷониби Афғонистон ҳеҷ гуна дархосте дарёфт накардаааст.
«РО» хабар дод, Роҳила Дӯстум, духтари маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии Афғонистон шоми гузашта дар сафҳаи “Фейсбук”-аш навишт, ки ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ рӯзи гузашта чанде дар фазои Тоҷиистон саргардон мегардад ва баъд ба сӯи Умон раҳсипор мешавад.
Ҳамин манбаъ навишт, нерӯҳои Толибон, ки аз чанд руз ба ин тараф шаҳри Кобулро дар муҳосира қарор дода буданд, дар ниҳоят шоми якшанбе бо парчаҳои сафеди худ вориди пойтахт шуданд ва қасри президентӣ ва чандин минтақаи дигари Кобулро дар ихтиёр гирифтанд.
Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон дар ҳоле ворид Кобул шуданд, ки намояндадгони ин гурӯҳ қаблан гуфта буданд, қасди бо “зӯрӣ” гирифтани пойтахтро надоранд ва ба ҷангҷӯёни худ дастур додаанд, ки дар дарвозаи шаҳр бимонанд. Дар пай, баъзе аз мансабдорони афғон дар бораи баҳси интиқоли сулҳомези қудрат хабар доданд.
Тибқи бархе гузоришҳо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳомид Карзай ва Гулбиддин Ҳикматёр Шӯрои ҳамоҳангӣ таъсис доданд. Аммо бархе расонаҳо аз қавли Суҳайл Шоҳин, яке аз сухангӯёни Толибон навиштанд, ки ин гурӯҳи ба наздикӣ Иморати исломии худро эълон мекунад.
Муҳаммад Наим, сухангӯи дигари Толибон ба шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” гуфтааст, ки ҷанг дар Афғонистон ба поён расид ва навъ ва шакли ҳукумати оянда дар зудӣ маълум хоҳад шуд. Ин сухангӯи Толибон гуфтааст, ки ҳеҷ як аз дипломатҳои хориҷӣ ва сафоратҳо ҳадафи ҳамлаи Толион қарор нахоҳад гирифт ва ин гурӯҳ амниятро барои шаҳрвандон ва ниҳодҳои дипломатӣ эҷод мекунад.
Ба гуфтаи Муҳаммад Наим, “Толибон масъулона рафтор хоҳад кард ва алоқа дорад, ки бо ҳамагӣ ба сулҳ даст ёбад”. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки ин гурӯҳ ҳозир аст бо ҷомеаи ҷаҳонӣ вориди гуфтугӯ шавад, то нигарониҳои онҳоро бартараф созад.