Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзноманигор Абдулло Ғурбатиро барои 7 солу 6 моҳ бо ҳукми адои ҷазо дар колонияи ислоҳӣ маҳкум ба зиндон кард. Бино ба иттилои Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи башар, ӯ аз рӯи се моддаи айбдоршуда гунаҳкор дониста шуд.

Ҷаласаи навбатии судии парвандаи ҷиноии Ғурбатӣ имрӯз, 4 октябр, дар бинои боздоштгоҳи муваққатии №1-и Сарраёсати Вазорати адлия пушти дарҳои баста баргузор шуд.

ОИ «АП» менависад, ки ба гуфтаи вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарифов, Абдулло ба гуноҳи худ иқрор нашудааст.

«Дар анҷоми баҳси судӣ суд сухани охиринро ба судшаванда Абдулло Ғурбатов дод. Вай мисли пештара бегуноҳии худро ба ҷиноятҳое, ки дар онҳо муттаҳам мешавад, иброз дошта, даст доштан дар ягон гуруҳи ифротгаро рад кард. Ӯ аз суд хостааст, ки ӯро бегуноҳ донанд ва сафед кунад», – гуфтааст Шарифов.

Аммо додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ӯро тибқи қисми 1-и моддаи 328 (истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият), қисми 1-и м. 330 (таҳқири намояндаи мақомот) ва қисми 2-и моддаи 307, банди 3 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, дар маҷмуъ ба 7,5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Ғурбатӣ 8 соли зиндон талаб карда буд.

Ҳимоятгари Абдулло Ғурбатӣ эълон кардааст, ки аз болои ҳукм ба судҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь