Дар ин бора раиси Ҳукумати иҷроияи давлати исломии Афғонистон Абдулло Абдулло дар ҷаласаи сарвазирони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ироа дошт, ки феълан дар Душанбе, дар Қасри Сомон идома дорад.

Абдулло Абдулло гуфт, гуруҳҳои террористӣ аз берун маблағгузорӣ карда мешаванд.

– Мо дар якҷоягӣ бо шарикон, бахусус, давлати исломии Покистон роҳҳои мубориза бо манбаъҳои маблағгузори террористонро ҷустуҷӯ дорем. Афғонистон дар муборриза бо терроризм хеле зарари калон дида истодааст. Дар ҳудуди Афғонистон ҳамчунин, ячейкаҳои ДИИШ амал мекунанд, ки хатари боз ҳам калонтарро дарбар дорад. Онҳо бо дигар ташкилотҳои террористӣ барои ба амал баровардани амалҳои террористӣ ҳамдастӣ карда истодаанд. Терристони хуб ва бад вуҷуд надоранд, -гуфт зимни баромадаш Абдулло Абдулло.

Афғонистон айни ҳол ҳамчун давлати нозир дар ин ҷаласа ширкат дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар ин ҷаласа сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев,  раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь