Дар вилояти Хатлон соли гузшата 1822 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин шумора нисбат ба соли 2016-ум 134 ҳолат зиёдаст.
Сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сафарзода Зиннатгул, аз он нигаронӣ кард, ки аз шумораи 1 822 оилае, ки соли гузашта ақди никоҳи хешро бекор карданд, 73 дарсадашро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд. Манбаъ аз он изҳори ташвиш кард, ки сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон хушунати хонаводагӣ, омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақил, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ ва хиёнати мард ба зан ва зан ба мард мебошад.
Гуфта шуд, дар моҳи январи соли 2018 шумораи ҷудошавии оилаҳо ба 214 ҳолат расидааст, ки ин рақам назар ба ҳамин давраи соли 2017-ум 43 ҳолат зиёд аст.