Амалигардии лоиҳаи навбатии «Ман бонкдор» анҷом ёфт, ки дар он 40 донишҷӯи донишкадаҳи олии кишвар иштирок доштанд.

Иштирокдрони лоиҳа донишҷӯён аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буданд.

Дар марҳилаи интихобӣ аз 40 нафар донишҷӯён 15 нафар ба даври нимфиналӣ роҳ ёфтанд, ки 9 нафари онҳо дар даври ниҳоии лоиҳа корҳои худро бомуваффақият ҳимоя намуда, соҳиби сертификатҳо гардиданд. Мавҷудияти сертификат – ҳуқуқи оғози фаъолияти касбӣ дар Бонки Эсхата ё дохил шудан ба рӯйхати захираҳои кадрии бонк маҳсуб меёбад.

Хотиррасон менамоем, ки дар доираи лоиҳа донишҷӯён имконият пайдо карданд, то бо фаъолияти Бонки Эсхата аз дохил шинос шаванд, маҳсулоти бонкиро омӯзанд, роҳу равобити шарикиро бо менеҷерони яке аз бонкҳои пешрафтаи кишвар ба роҳ монанд. Дар доираи лоиҳа ҳамчунин шиносоӣ бо хусусиятҳои кори Департаменти тиҷорати миёна ва корпоративӣ, ки яке аз сохторҳои муҳими Бонки Эсхата маҳсуб меёбад ва фаъолияташ ба дастгирии мизоҷони сегменти хурду миёна ва корпоративӣ нигаронида шудааст, доир гардид.

Топ – менеҷмент ва инчунин дигар кормандони роҳбарикунанда ба ҳайси омӯзгорон ва аъзои комиссия баромад карда, кори ҷамъбастии иштирокдорони лоиҳаро баҳогузорӣ намуданд. Дар натиҷа 9 нафарро ҳамчун беҳтаринҳо интихоб карданд.

«Лоиҳаи “ Ман бонкдор ” омӯзишест, ки дар асоси мисолҳои амалӣ таҳия гардида, бо ҷорӣ намудани салоҳият ва малакаҳои нави ба талаботи бонкии бозори меҳнати дохилию хориҷӣ ҷавобгӯ, мавҷудияти он барои мутахассисони соҳаи бонкӣ зарур аст. Мо итминон дорем, ки омӯзиши мазкур ба донишҷӯён дар ташаккули касби оянда дар бахши бонкии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Бонки Эсхата кумак хоҳад кард. Пӯшида нест, ки ба шарофати ин лоиҳа роҳи муваффақияти касбии иштирокчиёни лоиҳа пурсамар гашта, натиҷааш зудтар ба даст меояд»,- иброз дошт Умарҷон Умаров, сардори Департаменти тиҷорати корпоративӣ ва миёнаи Бонки Эсхата, узви комиссияи лоиҳа.

Хушхабаре ҳаст баҳри онҳое, ки барои ҳамроҳ шудан ба лоиҳаи ” Ман бонкдор ” дер кардаанд ё иштирок карда натавонистанд. Марҳилаи нави лоиҳа дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд метавонанд дар он ширкат варзанд.

Пайгирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё обуна ба телеграмми https://t.me/bank_eskhata шуморо аз оғози марҳилаи нави лоиҳаи “Ман бонкдор” хабардор месозад!

Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯи комёбиҳо!”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь