Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои нақлиётгарди пойтахт ба қайд гирифта шуда, нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, чораҳо андешида мешаванд.
Давоми ду ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 8237 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Аз ҷумла:
– Идора кардани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 13 адад;
– Бе рақами қайди давлатӣ – 50 адад;
– Идора кардани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 7 адад;
– Баланд кардани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 242 адад;
– Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора кардани воситаи нақлиёт – 265 адад;
– Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 54 адад;
– Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия дар вақти манъ кардани воситаи нақлиёт – 23 адад;
– Вайрон кардани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 142 адад;
– Худсарона баромадан аз хати сайр – 184 адад;
– Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 157 адад;
– Вазъияти хавфнок – 26 адад;
– Аз меъёри муқаррарӣ зиёд гирифтани мусофир – 432 адад;
-Р иоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 1635 адад;
– Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 65 адад;
– Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 4214 адад;