Дирӯз ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Найтхар Хёфер-Виссинг, Шоҳигарии Белгия Алекси де Кромбрюгхе де Пикендаел, Руминия Чезар – Маноле Армяну, Ҷумҳурии Эстония Ҳейти Маймес, Канада Николя Бруссо, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика Жозе Алфонсо Зегбе Камарена, Ҷумҳурии Аргентина Иван Иванишевич ва Ҷумҳурии Чили Родриго Хосе Нйето Матурана эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик карда, изҳор дошт, ки давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо тамоми кишварҳои дуру наздик рабитаҳои фаъолу созандаро ба роҳ монда, сафи шарикону дӯстонашро дар арсаи байналмилалӣ васеъ гардонад.