Соли таҳсили гузашта маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар 70 донишҷӯро аз коллеҷ хориҷ карданд, ки аз онҳо 22 нафарашон духтарон буданд.

Директори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар Иброҳимҷон Мусоев дар нашасти хабарӣ омили хориҷ шудани донишҷӯёнро ба дарсҳо ҳозир нашудан ва дар имтиҳонҳои хатм иштирок накардани онҳо арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт, мди хориҷ шудани донишҷӯён аст,аммо дигар чора нест, даҳҳо маротиба бо волидон ва хешовандони онҳо сӯҳбат кардаанд, аммо натиҷа надодааст, сипас маҷбур шудаанд, ки онҳоро аз муассиса хориҷ кунанд.

Ҳамчунин, ӯ гуфт давоми соли хониши 2020-2021-ум  4 нафар донишҷӯи дигар бо далели ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан хориҷ шуданд.

Дар идомаи нишаст директор бо боварӣ гуфт, ки дигар аз донишҷӯён пули таъмири муассиса намегиранд ва ба ин пул эҳтиёҷ ҳам надоранд.

– Зеро аз ҳисоби буҷети коллеҷ биноро таъмир мекунем. Аммо он донишҷӯёне, ки ҳангоми таҳсил ба вайронкунии дару тиреза ва дигар ашёи колеҷ даст мезананд, таъмири он аз ҳисоби ҳамонҳо хоҳад шуд, – гуфт мудир.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь