Аз 3 то 5-уми май дар пойтахти Тоҷикистони мусобиқиа ҷудои Dushanbe Grand Slam 2024 баргузор шуд, ки дар он беш аз 390 варзишгар аз 765 кишвари ҷаҳон ширкат карданд.

Ҷудокорони тоҷик дар ҳайати 29 мард ва 9 зан ширкат карданд ва 7 медал ба даст оварданд. Дар рӯзи якуми мусобиқаи ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян гардиданд. Дар рӯзи аввал ҷудокорони Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов  (дар вазни -60 кг) медали тило, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра ва Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар рӯзи дуюм танҳо Беҳрӯзи Хоҷазода (дар вазни -73 кг) медали нуқраи мусобиқаро соҳиб шуд. Дар рӯзи охир Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) медали нуқра, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода  (дар вазни -90 кг) медали биринҷӣ ва Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни -100 кг)  медали биринҷии мусобиқаро соҳиб шуданд.

Тоҷикистон бо 7 медал дар ҳайати дастаӣ дар ҷойи чорум қарор гирифт. Зинаи аввалро Суис (Швейсария) бо 2 тило ва 2 нуқра гирифт, Утриш (Австрия) бо 2 тило ва 1 нуқра дуюм, Итолиё бо 2 тило ва 1 биринҷӣ сеюм шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь